Раёсати “Қарияи боло”: Ягон духтури мо барои кӯдакрабоӣ ҳабс нашудааст
Раёсати беморхонаи ҷумҳуриявии “Қарияи боло”-и шаҳри Душанбе хабарҳо дар бораи он, ки гӯиё як духтури ин беморхона бо насаби Ғиёсов барои кӯдакдуздӣ боздошт шудааст, рад намуд.
Холназар Ғиёсов, муовини раҳбари беморхонаи “Қарияи боло” дар шарҳи хабарҳои нашршуда гуфт, “насаби ман Ғиёсов аст, аммо ман боздошт нашудаам ва ягон кӯдакро надуздидаам. Шукри Худо соҳиби 6 фарзандам ва ба кӯдаки дигарон ниёз надорам. Айни ҳол 400 кӯдак зери назорати ман таҳти табобат қарор доранд ва ман нияти дуздидани онҳоро надорам”.
Ғиёсов афзуд, ки бо чунин насаб дар беморхонаи “Қарияи боло” як фарроши солхӯрдае кор мекунад ва ӯ низ ҳабс нагардидааст: “Ӯ солхӯрда аст ва ҳеч имкон надорад, ки дар кӯдакдуздӣ даст дошта бошад. Дигар ягон Ғиёсов дар беморхона кор намекунад”.
Ин дар ҳолест, ки нашрияи "ИмрӯзNews" бо такя ба манобеаш дар Вазорати умури дохилӣ аз боздошти як гуруҳи сенафарӣ бо иттиҳоми кӯдакрабоӣ хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, эҳтимол Сабинаву Малика Араловаҳо ва Осия Диловарова ҳам аз сӯи ин гуруҳ дуздида шудаанд. Сабина ва Малика 25 марти соли 2013 нопадид шуда, ҳанӯз ёфт нашудаанд. Осияи панҷсола 8 августи соли 2014 бедарак шуд ва ҷасади ӯро баъдтар аз ноҳияи Ҳисор пайдо карданд.
"Як манбаъ аз Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо тасдиқи боздошти аъзои ин гуруҳ – кӯдакрабоянда (Матлуба Ахмедова), духтур (Ғиёсов-корманди беморхонаи Қарияи боло) ва таксист (шахсияташ зикр нашуд) ба “ИмрӯзNews” гуфт, айни замон тафтиши ин ҳодисаҳо идома дошта, фарзияҳои тафтиш то ба қазияи Осия ва Араловаҳо тӯл мекашад",-меафзояд рӯзнома. Аммо манобеи "Озодагон" мегӯянд, Ғиёсов, ки боздошт шудааст, корманди маркази тиббии шаҳрии маҳаллаи якум Советский мебошад.
Боздошти ин се нафар замоне иттифоқ афтодааст, ки талоши рабудани як духтарчаи 7-соларо доштаанд: "Ин ҳодиса рӯзи чоршанбе, 20 июли соли равон, дар атрофи Маркази савдои “Садбарг”, дақиқан дар ҳамон мавзеъе рӯй додааст, ки Араловаҳо ва баъдтар Осия гум шуданд. Ф.Б-и 7-сола ҳамсояи Осияву Араловаҳо ва мисли онҳо яккафарзанд будааст. Кӯдаки дуздидашуда баъди ҳамагӣ 20 дақиқа озод карда шуда, ба модараш баргардонида шудааст".
Манбаъ мегӯяд, ҳангоми кофтуков аз манзили ба иҷорагирифтаи ин гуруҳ дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе асбобу олоти ҷарроҳикунӣ, сӯзандорову ҳабҳои мадҳушкунанда (Феназепам, Диазепам) ва ҳатто либосҳои кӯдакона пайдо шудаанд: "Аз дохили мошине ҳам, ки Ф.Б.-и ноболиғ бо он бурда мешуд, сӯзандорӯи омодашуда пайдо гардидааст, ки бо моеъи мадҳушкунанда омехта шудааст".
Алайҳи боздоштшудаҳо бар пояи моддаи 130 (Одамрабоӣ)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.
Акси Матлуба Ахмедова, ки "ИмрӯзNews" нашр кардааст
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |