Эълони ҳаҷми маоши раиси Бонки миллӣ ва вазирони тоҷик
Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз, 25 июл гуфт, маоши ӯ ва муовинонаш баробари музди меҳнати вазирон ва раисони кумитаҳои кишвар мебошад.
Ҷаноби Нурмаҳмадзода изҳор дошт, ҳаҷми маоши ӯ 5 ҳазор сомонӣ мебошад. Ин дар ҳолест, ки қаблан масъулин аз ифшои ҳаҷми маоши мансабдорони сиёсӣ, аз ҷумла вазирону раисони кумитаҳо худдорӣ мекарданд. Раиси Бонки миллӣ ҳам иқрор кард, ҳаҷми маоши ӯ ва муовинонаш ба феҳрасте ворид мебошад, ки ҳамчун сирри давлатӣ қабул шудааст.
Ахиран Ҷумъа Давлатов, раиси Агентии хизмати давлатии назди президенти Тоҷикистон дар шарҳи сарчашмаи хонаю мошинҳои гаронарзиши вазирон гуфт, музди меҳнати мансабдорони сиёсӣ дар кишвар нисбатан зиёд мебошад.
Ҷумъа Давлатов ин нуктаро 12 июл зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе изҳор дошта, таъкид намуд, ки дар баробари ин вазирону мансабдорон манбаъҳои дигари даромад низ доранд. Давлатов худро мисол овард, ки дар баробари 4 ҳазор сомонӣ маош корҳои дигарро низ анҷом медиҳад ва барои он маблағ мегирад: “Шумо фикр мекунед роҳбари вазорат як сарчашмаи даромад дошта бошад. Аммо фарз кардем ман ба фаъолияти омузгорӣ низ машғулам, лексия мехонам. Ба фаъолиятҳои илмӣ машғулам, китоб ҳам нашр мекунам, маблағҳои зиёд мегирам”.
Қаблан Раҷаб Одинаев, сардори Раёсати буҷети мақомоти ҳокимият ва идораи давлатии Вазорати молияи Тоҷикистон ба “Озодагон” гуфт, маоши вазирон ва президенти Тоҷикистон махфӣ мебошад. Ба гуфтаи ӯ зимни ислоҳоти музди меҳнат дар соли 2005 хизматчиёни давлатӣ тақсимбандӣ шуданд: “Хизматчиёни давлатии сиёсӣ ва мансабдорҳои маъмурӣ. Маоши хизматчиёни давлатии сиёсӣ-маоши вазирону роҳбари давлатро ифшою чоп кардан мумкин нест. Махфӣ аст. Маоши мансабдорҳои маъмурӣ ошкор аст”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |