Иддаои нави Эрон ва шарҳи раиси Бонки Миллӣ: Агар ин миқдор пул медоштем...
Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон бори дигар такрор кард, ки ҷониби Эрон то ҳол ҳеч далели муътамаде дар бораи ҷой доштани миллиардҳо доллари Бобак Занҷонӣ дар бонкҳои Тоҷикистонро пешниҳод накардааст.
Дар пасманзари иддаои нави Эрон, ки барои бозгардондани қарзҳои Занҷонӣ, миллиардери маҳкумшудаи ин кишвар бо бонкҳои Тоҷикистону Чин дар гуфтушуниданд, Нурмаҳмадзода имрӯз, 25-уми июл гуфт, “ҷониби Эрон то ҳол ягон санади мушаххас пешниҳод накардааст ва агар он миқдор маблағе, ки онҳо мегӯянд, воқеан ҳам дар Тоҷикистон дар гардиш мебуд, ба рушди иқтисоди кишвари мо мусоидат мекард”.
Раиси Бонки Миллӣ илова намуд, ки агар маблағҳои Занҷонӣ дар Тоҷикистон мебуданд иқтисоди кишвар тайи солҳои 2013-2014 таҳти фишор намебуд ва қурби пули миллӣ поин намерафт: “Марҳамат ҳуҷҷати асоснок пешниҳод кунанд, мо имкони муайян кардани ин миқдор маблағ дар гардишро дорем. Лекин тариқи бонкҳои мо амалиёт бо пулҳои Занҷонӣ сурат нагирифтааст”.
Ахиран Алӣ Акбар Моҳрухзод, масъули бахши ҳуқуқии Ширкати миллии нафти Эрон охири ҳафтаи гузашта гуфт, Бобак Занҷонӣ пардохти қарзҳои худро аз тариқи як бонки Чин ва бонкҳои Тоҷикистон пешниҳод кардааст ва намояндагони саноати нафти Эрон ин масъаларо пайгирӣ мекунанд. Алӣ Акбар Моҳрухзод илова намудааст, ки феълан тарҳи тафоҳумномае бо бонкҳои Тоҷикистонро таҳия доранд. Бобак Занҷонӣ барои аз худ кардани 2.6 миллиард еврои ширкати миллии нафти Эрон гунаҳкор дониста шуда, шӯъбаи 15-уми Додгоҳи инқилоб пас аз 26 ҷаласаи расидагӣ бар ин парванда барои Занҷонӣ ва ду мутаҳҳами дигар ҳукми эъдом ва ҷазои нақдӣ содир кардааст. Ин тоҷири эронӣ аз сармоягузорони ширкатҳои “Kont group Tajikistan”, “Asian Express Terminal”, “Asian Express Airline” ва “Kont tourism Tajikistan” дар Тоҷикистон дониста мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |