Буҳрон: Қаллобон зиёд шудаанд, ё қарздорон?
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон аз зудбоварию соддагии шаҳрвандон изҳори нигаронӣ карда, гуфт, сӯиистифода аз боварӣ ва қаллобӣ дар кишвар афзоиш ёфтааст.
Раҳимзода зимни нишасти ахири матбуотӣ дар Душанбе гуфт, тайи 6 моҳи аввали соли равон 2 ҳазору 15 ҷинояти қаллобӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 113 ҳолат зиёд мебошад. Вазири умури дохилӣ афзоиши қаллобиро ба он рабт дод, ки бархе мехоҳанд, маблағро бо роҳи муфт ба даст биоваранд: “Аз 2 ҳазору 15 ҷинояти қаллобӣ 1 ҳазору 678 ҳолаташ ошкор гардидааст”.
Ин дар ҳолест, ки бархе аз коршиносон мегӯянд дар кишвар на қаллобон балки теъдоди қарздорон афзоиш ёфтааст. Гуфта мешавад, алайҳи бархе аз шаҳрвандон, ки тайи солҳои охир қарз гирифтанду ба далели таъсири омилҳои буҳронӣ натавонистаанд, саривақт баргардонанд, бо иттиҳоми қаллобӣ парванда боз шудааст ва ин далели аслии афзоиши омори қаллобон дар кишвар арзёбӣ мегардад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |