Пурсиши "Дар ба дар": Беш аз 170500 сокини Суғд дар муҳоҷиратанд

Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнати Тоҷикистон дар вилояти Суғд мегӯяд, дар пайи натиҷагирӣ аз пурсиши "Дар ба дар" ва "Ҳавлӣ ба ҳавлӣ" маълум шуда, ки 170 ҳазору 516 сокини шимоли кишвар дар муҳоҷират қарор доранд.
Зайнура Шарофзода, сардори ин ниҳод дар нишасти хабариаш дар Хуҷанд изҳор дошт, марҳилаи аввали ин пурсиш дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти вилоят гузаронида шуд: "Пурсиши "Дар ба дар" ва "Ҳавлӣ ба ҳавлӣ" тибқи қарори раиси вилояти Суғд, аз 4 декабри соли 2014 «Дар бораи муайян кардани теъдоди умумии оилаҳои муҳоҷирони меҳнатии вилояти Суғд» дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот баргузор гардид".
Ба гуфтаи хонум Шарофзода, дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта мизони ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани шаҳрвандон дар шаҳру навоҳии Хуҷанд, Истиқлол, Гулистон, Бӯстон, Исфара, Бобоҷон Ғафуров, Зафаробод, Мастчоҳ, Шаҳристон ва Айнӣ зиёд шудааст.
Зимнан, тибқи иттилои ин ниҳод, дар зарфи 6 моҳи соли равон аз ҳисоби сокинони вилояти Суғд 91 ҳазору 426 нафар ба хориҷа сафар кардаанд, ки 11 ҳазору 214 нафари онҳоро зан ва 80 ҳазору 2012 тани дигарро мард ташкил медиҳад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |