АКС: Президент бунёди нахустин роҳи бисёрқабата дар Тоҷикистонро оғоз кард

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 22-юми июл дар маҳаллаи 82-юми шаҳри Душанбе сохтмони нахустин эстакада-роҳи сеқабата дар кишварро оғоз бахшид.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳур эстакадаи мазкур дар доираи лоиҳаи “Беҳтар намудани ҳолати роҳи минтақавии Душанбе-Турсунзода-сарҳади Узбакистон, қитъаи роҳ аз ҳайкали Абуалӣ ибни Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе” бунёд мегардад. Ба иттилои манбаъ, чорсӯи нави сохташаванда аз 3 сатҳ иборат буда, дар буриши хиёбони Нусратуло Махсум бо хиёбони Бобоҷон Ғафуров қарор дорад: “Дар сатҳи дуввуми чорроҳа, роҳи ддаврие бунёд мегардад, ки ҳаракати нақлиёт дар он тавассути чароғакҳо идора мешавад. Дар сатҳи сеюм аз самти шарқ ба ғарб купрук, ки дарозиаш 125 метрро ташкил медиҳад, мегузарад”.
Манбаъ мегӯяд, дар доира лоиҳаи мазкур сохтмони 4 роҳи зеризаминӣ барои роҳгузарон низ пешбинӣ шудааст. Дафтари матбуоти раисиҷумҳур афзуд, ки сохтмони эстакада дар ҳамкорӣ бо Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд ва Бонки Осиёии сармоягузории инфрасохторӣ амалӣ гардида, бунёди он ба зимаи Корпоратсияи роҳҳо ва купрукҳо “Синдзян-Бейсин”–и Чин ва назорати сифати сохтмон бар души Ширкати машваратии «SAI»-и Ҳиндустон гузошта шудааст.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳур муҳлати анҷоми ин лоиҳаро ду сол арзёбӣ кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |