“Тоҷикматлубот” қимат шудани помидор, бодиринг ва сабзиро тасдиқ кард
Хуршед Сангаков, муовини сардори Иттифоқи Тоҷикматлубот боло рафтани нархи бархе маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла сабзиро таъйид кард.
Сангаков имрӯз, 21 июл зимни нишасти хабарии ин ниҳод, гуфт, “дар ҳақиқат нархи баъзе маҳсулотҳо, аз он ҷумла рӯзҳои ахир нархи бодиринг ва помидор боло рафт”.
Ӯ афзуд, ки нархи сабзӣ феълан баробари 3 сомонӣ буда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1 сомонӣ қимат мебошад: “Нархи килои картошка 1,8 сомонӣ, нархи пиёз 1,2 сомонӣ мебошад, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта бетағйир мондаанд”.
Муовини сардори раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот дар мавриди сабаби боло рафтани нархи сабзӣ гуфт: “Дар доираи маълумоте, ки ҳамчун коргари хизматрасони соҳаи савдо дорем, асоси нархро истеҳсол ташкил мекунад. Ба ин савол Вазорати кишоварзӣ дақиқтар ҷавоб дода метавонист. Теъдоди заминҳои киштро вазорати кишоварзӣ медонад. Лекин, ташаккулёбии нарх асосан аз истеҳсолот вобастагӣ дорад. Сад дар сад аз ҳамин”.
Ин дар ҳолест, ки Иззатулло Сатторӣ, вазири кишоварзии Тоҷикистон, 20 июл зимни суҳбат дар бораи нархи сабзӣ гуфт, истеҳсоли он кам нашудааст. Ӯ инчунин болоравии нархи сабзиро рад кард: “Нархи сабзӣ имрӯз назар ба соли гузашта бештар нашудааст. Ҳар кило то 2 - 2,2 сомонӣ нарх дорад. Майдони кишти сабзӣ ҳам нисбати солҳои гузашта кам нагардидааст. Дар истеҳсоли сабзӣ мушкиле нест”.
Аммо хабарнигорон дар хитоб ба вазир иттилоъ доданд, ки савдогарон дар бозорҳои пойтахт сабзиро истеҳсоли Қирғизистон муаррифӣ карда, ҳудуди 3-4 сомонӣ мефурӯшанд. Вазири кишоварзӣ гуфт, сабзии Қирғизистонро намедонад, аммо сабзии Тоҷикистон 1,8-2,2 сомонӣ нарх дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |