Бахшҳо

Эмомалӣ Раҳмон медали тиллоии Пажуҳишгоҳи тадқиқоти ядроии Русияро гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, райисҷумҳури Тоҷикистон дар ҷамъомади тантанавӣ, ки ба 60-умин солгарди таъсиси Академияи илмҳои Тоҷикистон бахшида шуд, ширкат намуд.


Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ин ҷамъомад гуфт, ки олимони тоҷик дар тадқиқоти масоили пешгирӣ аз хатари гармшавии иқлим ва таъмини дастрасӣ ба манбаъҳои алтернативии нерўи барқ, аз ҷумла нерўгоҳҳои обӣ, офтобӣ, бодӣ ва нерўи биологӣ бояд пешсаф бошанд. «Аз худ намудани чунин технологияҳо, ба хусус аз он сабаб муҳим аст, ки захираҳои нафту газ дар ҷаҳон аллакай баъди 40-50 соли дигар метавонанд анҷом ёбанд», - изҳор дошт президенти кишвар. Номбурда гуфт, Тоҷикистон барои таъмини рушди бонизоми иҷтимоию иқтисодии худ ба ҷуз сохтмону ба истифода додани нерўгоҳи Роғун ва дигар нерўгоҳҳои гидроэнергетикӣ роҳи дигар надорад. Зимни ин ҷамъомад, ҳамчунин ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино дар соҳаи илму техника дар соли 2011 ба барандагони онҳо тақдим карда шуд.Ҷоизаи давлатии ба номи Абўалӣ ибни Сино дар бахши илмҳои физикаю математика, кимиё, геология ва техника ба доктори илмҳои геологиву минералогия Далер Почоҷонов барои силсилаи корҳои Геохимияи таҳшинҳои аридӣ тақдим гардид.Дар бахши биология ин ҷоиза барои силсилаи корҳои «Асосҳои физиологии растанипарварии солонаи сареъ дар заминҳои обёришавандаи Тоҷикистон» насиби доктори илми биология Хуршед Каримов ва дар соҳаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва гуманитарӣ барои силсилаи таҳқиқот дар бораи таърихи фалсафаи тоҷик ба академик Мусо Диноршоев тақдим гардид.

Ҳамчунин, директори Пажўҳишгоҳи муттаҳидаи тадқиқоти ядроии Федератсияи Русия Виктор Матвеев ба Эмомалӣ Раҳмон барои нақши намоёнаш дар пуштибонӣ аз рушди илму техникаи муосир мукофоти олии ин муассисаи илмии Русия – медали тиллоӣ тақдим намуд.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)