Мақомот: Аз 649 донишҷӯе, ки дар муассисаҳои динии хориҷ таҳсил доштанд, 630 нафарро баргардондем (САДО)

Суҳроб Рустамзода, иҷрокунандаи вазифаи мудири Шӯъбаи дин дар вилояти Суғд мегӯяд, барои ба Ватан баргардонидани 19 донишҷӯе, ки дар таълимгоҳҳои диннии берун аз марзи Тоҷикистон таҳсил доранд, тадбир меандешанд.
Ҷаноби Рустамзода имрӯз, 20 июл дар нишасти хабарие дар шаҳри Хуҷанд гуфт, бо талоши масъулини шӯъбаи вилоятӣ, бахшҳои шаҳрию ноҳиявӣ ва мақомоти дахлдор аз 649 донишҷӯе, ки дар муассисаҳои динии хориҷ таҳсили ғайрирасмӣ доштанд, 630 нафарро ба Ватан баргардондаанд. Аз ин шумора 39 нафар бо баҳонаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, сайру саёҳат ва тиҷорат дубора ба ҷойи таҳсилашон баргаштаанд.
“Алҳол масъулин барои бозпас овардани 19 нафари дигаре, ки аз шаҳру навоҳии Ашт, Гулистон, Панҷакент (2 нафарӣ), Истаравшан (3 нафар), Хуҷанд, Бӯстон, Исфара, Деваштич (1 нафарӣ) ва Конибодом (6 нафар) ҳастанд, бо падару модар ва хешовандони онҳо суҳбатҳо мегузаронад. Онҳо вазифадор гаштанд, ки фарзандон ё пайвандони худро ҳарчӣ бештар ба Ватан баргардонанд”,-афзуд ӯ.
Бино ба маълумоти иҷрокунандаи вазифаи мудири Шӯъбаи дин дар вилояти Суғд, ин донишҷўён асосан дар Аморати муттаҳидаи Араб, Арабистони Саудӣ, Миср, Яман ва Ҷумҳурии исломии Эрон таҳсил доранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |