Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз агентии мазкур иттилоъ доданд, зимни мулоқот директори агентӣ дар бораи вазъи маводи нашъадор дар минтақаҳои Тоҷикистон ва чораву тадбирҳое, ки ҳукумати Тоҷикистон дар самти назорат бар маводи мухаддир меандешад, оид ба фаъолиятҳои агентӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар муфассал нақл кард.
Манбаъ афзуд, дар ҷараёни мулоқоти сарвари агентӣ ба ҷаноби сафир ба хотири омӯзиши 15 тан аз кормандони АНМН дар шаҳри Урумчии ноҳияи мухтори Синзян-Уйғури Хитой, ки аз 30 октябр бо 13 ноябр сурат гирифт ва кӯмаки техникӣ ба агентӣ изҳори сипос кард. Тарафҳо зимни суханронии худ қайд карданд, ки ҷониби Хитой дар доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани иқтидори онҳо дар мубориза бо ҷинояткорӣ ёрии техникӣ мерасонад. Ғайр аз ин якҷо бо вазорати амнияти ҷамъиятии ҷумҳурии Халқии Хитой як силсила лоиҳаҳои такмили ихтисоси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон амалан татбиқ мешавад.
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |