Ба “Уральские авиалинии” иҷоза надоданд, ки ба Душанбеву Хуҷанд парвоз кунад
Комиссияи байниидоравии Вазорати нақлиёти Русия ба ширкати ҳавонавардии “Уральские авиалинии” иҷозаи анҷоми парвозҳои мунтаззам аз фурудгоҳи Жуковский ба Тоҷикистону Қирғизистонро надодааст.
Бино ба иттилои “Интерфакс”, ин ширкат барои анҷоми 7 парвоз дар як ҳафта ба шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанди Тоҷикистон ва Ошу Бишкеки Қирғизистон дархост фиристода, посухи рад гирифтааст. Аммо манбаъ мегӯяд, далели иҷоза надодан ба “Уральские авиалинии” рӯшан нест.
Фурудгоҳи "Жуковский" 30 майи соли равон ифтитоҳ шуд ва аввалин ширкатҳои ҳавонавардие, ки мусофирон ва молу колоро аз фурудгоҳи Жуковский интиқол медиҳад, маълум гардид. Scat-и Қазоқистон ва Air Kyrgyzstan барои интиқоли мусофирон дар як ҳафта 20 парвоз анҷом хоҳанд дод. Молу колоро “Авиастар-ТУ” мунтақил мекунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |