Бахшҳо
19 июл 2016 16:20Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Барномаи Оқохон барои дастрасӣ ба об, ғизо ва ҳоҷатхона дар Зарафшон

Бунёди Оқохон дар водии Зарафшон барномаи 5 соларо роҳандозӣ кардааст, ки маблағи он 54 миллиону 777 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Тибқи иттилои Бунёди Оқохон корҳои муқаддамотии лоиҳаи мазкур моҳи июни соли равон оғоз гардида, «ҳадафи ин лоиҳа афзудани дастрасӣ ба об ва захираҳои дигари табиӣ, беҳбуди амнияти ғизоӣ ва аз ин тариқ ҳиссагузорӣ дар коҳиши мизони фақр дар ноҳияҳои Айнӣ ва куҳистони Масчоҳ мебошад».

Ба гуфтаи масъулини Бунёди Оқохон 80% маблағи ин барномаи панҷсоларо Иттиҳоди Аврупо ва боқимондаи онро Бунёди Оқохон ва ташкилотҳои дигар пардохт мекунанд. Дар доираи ин барнома барқароркунӣ ва ҳифзи 500 гектар замини корам, 400 гектар чарогох, сохтмони 260 ҳоҷатхона, 10 лоиҳаи хатти оби нушокӣ, барқароркунии 1500 гектар ҷангалзор, ташкил кардани 40 гуруҳи дорои манфиати муштарак, ташкили 12 кумитаи идоракунии ҷангал, чамъоварӣ ва коркарди партовҳо дар 66 деҳа, ташкили гуруҳҳои технологии деҳа ва ташкили 6 анҷумани истифодабарандагони об дар назар гирифта шудааст.

Дар иҷро кардани ин барнома панҷ ташкилот аз ҷумла – «АКТЕД», «Барномаи ҷонибдории инкишофи иҷтимоии манотиқи куҳистон (МСДСП), «КАМП Кухистон», «Сароб», ва Бунёди Оқохон ҷалб шудаанд.
Мӯҳр
хуб мешид ятаи майдончаи варзиши месохтан хар як дехада.

Асад
Ба кучо мурочиат намудан даркор? Сурогаашро нависед

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)