Умеди Эмомалӣ Раҳмон аз 8 сафири навтаъин дар Душанбе
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 19-уми июл дар Қасри миллат сафирони 8 кишвар - Қазоқистон Нурлан Сейтимов, Ҳиндустон Сомнатх Гҳош, Ҷопон Хаҷимэ Китаока, Шоҳигарии Таиланд Нат Пинёваттаначип, Ҷумҳурии Лаҳистон Петр Ивашкевич, Босния ва Гертсеговина Кемал Муфтич, Ҷумҳурии Чили Хуан Эдуардо Эгигурен ва Австралия Питер Мартин Теш эътимоднома қабул намуд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон 8 сафири навтаъин дар маросими супоридани эътимоднома паёму дуруду роҳбарияти кишварҳои хешро ба Эмомалӣ Раҳмон ироа намуданд.
Манбаъ мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи сафиронро барои оғози фаъолияти дипломатӣ дар Тоҷикистон табрик намуда, изҳор дошт: “Аз рӯзҳои аввали соҳибихтиёрӣ дар назди давлати тозабунёди мо вазифаи басо муҳими воридшавӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳайси субъекти мустақил ва баробарҳуқуқи низоми навини робитаҳои байналмилалӣ меистод ва хушбахтона тайи давраи соҳибистиқлолӣ мо бо доираи васеи аҳли олам ҳамкориҳои судманду баробарманфиати сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангиву гуманитариро ҳам дар сатҳи муносибатҳои дуҷониба ва ҳам дар чорчӯбаи созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ба роҳ монда, сафи ҳамёрони худро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ дучанд афзун гардонидем”.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мавриди робитаҳои гуногунҷанба бо Қазоқистон, Ҳиндустон, Ҷопон, Шоҳигарии Таиланд, Ҷумҳурии Лаҳистон, Босния ва Гертсеговина, Ҷумҳурии Чили ва Австралия андешаронӣ карда, изҳори умед намудааст, ки сафирон бо Тоҷикистон шиносоии наздик пайдо карда, барои ба сатҳи сифатан нав баровардани муносибот ва ҳамкории мутақобилан судманд ҷаҳду талош мекунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |