Эътирози додситонии Суғд барои 73 қарори ғайриқонунии раисони шаҳру ноҳияҳо оид ба замин (САДО)
Додситони вилояти Суғд мегӯяд, давоми шаш моҳи соли равон ба 73 қарори ғайриқонунии раисони шаҳру навоҳии шимоли кишвар оид ба ҷудо намудани қитъаҳои замин эътирозҳои назоратӣ содир кардааст.
Ҳабибулло Воҳидов дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Хуҷанд гуфт, шурӯъ аз аввали соли равон аз ҷониби мақомоти прокуратураи вилоят ба 89 қарори ғайриқонунии раисони шаҳру ноҳияҳо, ки 73 адади онҳо ба ҷудо намудани қитъаҳои замин алоқаманданд, эътирозҳои назоратӣ овардааст. Аммо ӯ номи он раисон ва аз кадом шаҳру навоҳии вилояти Суғд будани онҳоро ошкор накард: “Масъалаи замин ҳамеша аз масъалаҳои муҳим ба шумор меравад. Тавре медонед, 93 дарсади Ҷумҳурии Тоҷикистон куҳсор буда, ҳамагӣ 7%-и онро заминҳои ҳамвор ташкил медиҳанд. Ба ҳамин хотир қонунвайронкуниҳо низ дар ин самт бениҳоят зиёданд, ҳам аз ҷониби шаҳрвандон ва ҳам дар қарорҳое, ки аз сӯйи раисони шаҳру ноҳияҳо қабул карда мешавад”.
Ҷаноби Воҳидов афзуд, кормандони додситонӣ дар ҳама ҳолат барои муайян кардани онҳое, ки қонунро нақз мекунанд, талош меварзанд: "Бигзор вай шаҳрванди оддӣ бошад, ки қаллобӣ карда, заминро фурӯхтааст ё бигзор қарори нодуруст бароварда шуда бошад, эътироз оварда, бекор карда мешаванд”.
Додситонии вилояти Суғд мегӯяд, дар самти назорати қонунгузории замин аз натиҷаи санҷишҳо 249 амру эътироз оварда, 104 пешниҳод баровардаву 635 нафарро ба ҷавобгарии маъмурӣ ва интизомӣ кашидаанд. Қитъаҳои замини худсарона ишғолкарда ва ғайриқонунӣ вобасташуда ба масоҳати 4 ҳазору 170 га ба ҳолати аввала баргардонида шудааст. Ба иттилои ӯ, ҳамзамон 138 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуданд, ки 90-тоаш ба ҳолатҳои худсарона ишғол намудани қитъаҳои замин ва сохтмонҳои ғайриқонунӣ вобаста мебошад: “Ин як самте ҳаст, ки мо ин самтро ягон рӯз ҳам аз мадди назар дур монда наметавонем”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |