Гуфтушуниди Душанбею Маскав барои таъмини нафақаи муҳоҷирони тоҷик
Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон хабар дод, ки гуфтушунид бо Русия барои таъмини муҳоҷирони меҳнатии тоҷик бо нафақа идома дорад ва то охири соли равон як мулоқоти дигари ҷонибҳо дар назар аст.
Назокат Одиназода, муовини аввали раиси Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, 18-уми июл зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, созишнома доир ба таъмини нафақаи муҳоҷиронро таҳия карда, баъди мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор ба ҳукумати кишвар пешниҳод намуданд: “Ҳукумат ин санадро тариқи Вазорати корҳои хориҷӣ ба Русия ирсол кардааст. Октябри соли гузашта мо бо мутахассисони ташкилотҳои дахлдор ва Вазорати меҳнати Русия вохӯрда, оиди таъмини нафақаи муҳоҷирон муҳокимаҳо гузарондем”.
Одиназода афзуд, бар асоси ҳуҷҷати таҳияшуда нафақаи муҳоҷирон дар асоси саҳми гузоштаи онҳо таъин карда мешавад. Ӯ феълан мушкилро дар фарқият миёни қонунҳои Русия ва Тоҷикистон гуфта, илова намуд, ки гуфтушунидҳо идома доранд: “Албатта дар ин созишнома тамоми масъалаҳо доир ба муҳоҷирон пешбинӣ шудааст ва бо дастгирии сарварони Тоҷикистону Русия суғуртаи нафақаи муҳоҷирон ҳалли худро хоҳад ёфт”.
Ин дар ҳолест, ки аз Тоҷикистон ҳудуди 1 миллион муҳоҷири меҳнатӣ дар Русия кор мекунанд ва масъалаи таъминоташон бо нафақа то ҳол норӯшан боқӣ мондааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |