Сафорати Туркия дар Душанбе қасди табаддулотро кори дасти Гюлен хонд
Озҷон Гюлтекин, кордори сафорати Туркия дар Тоҷикистон бо нашри як изҳороти расмӣ Фатҳулло Гюлен, руҳонии фирории туркро дар қасди табаддулоти давлатӣ дар ин кишвар гунаҳкор хонд.
Гюлтекин мегӯяд, қасди табаддулоти давлатӣ шоми 15-уми июл аз ҷониби фармондеҳи нерӯҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ, фармондеҳи жандармерия ва фармондеҳони як қатор нерӯҳои танкӣ сурат гирифт: “Дар натиҷаи амалиёт ба муқобили табаддулотгарон зиёда аз 100 нафар террористон нобуд ва 6 ҳазор нафар дастгир карда шуданд. Бояд гуфт, як қисме аз онҳо ба таври ихтиёрӣ худро таслим карданд. Ҳоло амалиёт барои дастгир кардани шахсони боқимондае, ки ба табаддулоти давлатӣ даст доштанд, идома дорад. Чорабиниҳои зарурӣ барои боздошт намудани шахсони боқимондае, ки ба ин хиёнат даст доштанд, идома дорад. Аз ҷумла, гуфтушунидҳо бо кишвари Юнон барои ба Туркия баргардонидани гурӯҳи 8-нафараи ҳарбиёне, ки бо чархболи рабудашуда фирор карда буданд оғоз шуданд”.
Дипломати турк бо таассуф зикр намудааст, ки зиёда аз 190 сокини осоишта дар ин рӯзҳо ба ҳалокат расида, зиёда аз 1400 нафар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд: “Бо такя ба арзишҳои демократӣ ва ҳамдилии президент, сарвазир, парлумон, қувваҳои мусаллаҳ ва шаҳрвандони мо пеши роҳи табаддулоти давлатӣ гирифта шуд. Имрӯз Туркия ба маҷрои пешинаи ҳаёти худ баргаштааст”.
Гюлтекин таъкид мекунад, ки кӯшиши табаддулоти давлатӣ бевосита ба Фатҳулло Гюлен алоқаманд мебошад: “Аз ҷониби ҳукумати Туркия барои муайян кардани ҳадафҳои ин кӯшиши табаддулоти давлатӣ, он доираҳое, ки дар паси ин хиёнат истодаанд чораҳои зарурӣ андешида мешаванд. Ҳамчунин тадбирҳо барои муайян ва маълум кардани миёнаравҳо, шарикон ва ҳаводорони ин гурӯҳи ҷинояткор амалӣ шуда истодаанд. Кӯшиши содир кардани табаддулоти давлатӣ характери ҷиноятӣ дорад ва он бараъло нишон медиҳад, ки созмони таъсисдодаи Гюлен хатарнок мебошад. Ҳукумати Туркия барои ба ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон додани чеҳраи ҳақиқии Фатҳулло Гюлен ва он хатаре, ки дар пайи ин табаддулоти давлатии номуваффақона анҷомшуда пинҳон аст, чораҳоро амалӣ месозад”.
Кушиши табаддулоти давлатӣ шоми ҷумъаи 15-уми июли соли равон дар Анқара, Истанбул ва дигар шаҳрҳои мамлакат сурат гирифт, аммо дар пайи мухолифати шаҳрвандон, рӯзноманигорон, аҳзоби мухолиф ва ҳайати фармондеҳии низомиён ҷилавгирӣ карда шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |