Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз сафорати ИМА иттилоъ доданд, президенти он кишвар ва иддае аз роҳбарони чаҳонӣ ба ин боваранд, ки таҳдиди аз ҷониби террористон харидорӣ шудани маводҳои ядроӣ ва радиоктивӣ фавритарин ва шадидтарин таҳдид ба амният аст, ки имрӯз ҷахон бо он рӯ ба рӯ омадааст. Бо имзои созишномаи мазкур, ҳукуматҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва ҷумҳурии Тоҷикистон ӯҳдадории худро дар мубориза бо ин таҳдид тақвият мебахшанд. Гуфта мешавад, Тоҷикистон ҳаштумин мамлакате мебошад, ки барномаи ҳукумати ИМА оид ба пешгирии қочоқи маводи ядроӣ бо он чунин созишнома имзо намудааст.
Мӯҳр« Апрел 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 |