Додгоҳи олӣ: Ҳабси абад ва ҳукмҳои сафед дар Тоҷикистон зиёд шудааст
Додгоҳи олии Тоҷикистон аз афзоиши ҳолатҳои ҳабси абад дар кишвар хабар дод.
Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олӣ имрӯз, 18 июл дар суҳбат бо хабарнигорон дар шаҳри Душанбе гуфт, дар 6 моҳи соли равон 10 муттаҳам дар ҷиноятҳои махсусан вазнин барои як умр аз озодӣ маҳрум шудаанд. Ба қавли ӯ, ин рақам дар қиёс ба ҳамин давраи соли сипаришуда бештар аст. Аммо ҷаноби Шоҳиён нагуфт, ки ҳукмҳои абади имсол чӣ қадар зиёд шудаанд.
Баъд аз ошӯби генерал Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим), муовини собиқи вазири мудофиа дар сентябри соли 2015, Додситонии кулли Тоҷикистон раҳбарони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро ҳам дар ҳамдастӣ бо вай муттаҳам кард. Ба дунбол фаъолияти ҲНИТ дар кишвар манъ шуда, даҳҳо узви Раёсати олии он боздошт гардиданд. Моҳи июни соли 2016, Додгоҳи олӣ Маҳмадалӣ Ҳайит ва Сайидумар Ҳусайнӣ, муовинони раиси ҲНИТ-ро ба ҳабси абад маҳкум кард. Зимнан, аз ҳукми абад гирифтани Садриддин Неъматов ва Сироҷ Одинаев, ки аъзои калидии дастаи Ҳоҷӣ Ҳалим гуфта мешуданд, хабар расид.
Раиси Додгоҳи олӣ дар нишасти хабарии имрӯз, ҳамчунин қайд намуд, судяҳои Тоҷикистон дар шаш моҳи соли 2016, 8 ҳукми сафед содир кардаанд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли рафта, 4 адад зиёд мебошад.
Ба гуфтаи Шермуҳаммади Шоҳиён, имсол аз 6295 маҳкумшуда нисбати 2693 нафар ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъин гардидааст, ки аз онҳо 45 нафарашонро ноболиғ, 90 нафарро занҳо ва 10 тани дигарро шаҳрвандони хориҷӣ ташкил медиҳанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |