Бахшҳо

Раҳоии судяе, ки бо 111 ҳазор $ пора боздошт шуд

Искандар Саидзода, додраси додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ, ки як моҳ қабл бо иттиҳоми гирифтани 111 ҳазор доллар пора боздошт шуда буд, аз ҳабс раҳо шудааст.

Ин нуктаро имрӯз, 18-уми июл Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон дар посух ба суоли “Озодагон” тасдиқ карда, афзуд, Саидзода бо имзои забонхат, ки аз макони зисташ берун намеравад, аз боздошт раҳо шуд. Раиси додгоҳ гуфт, раҳоии муттаҳам дар салоҳияти мақомоти тафтишотӣ аст ва агар муътақид бошанд, ки гумонбар намегурезаду ба бозпурсиҳо ҳозир мешавад, ӯро раҳо мекунанд: “Тафтиши парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ аз ҷониби мақомоти зидди коррупсия идома дорад, вале гунаҳкорӣ ё бегуноҳиро мақомоти судӣ ҳал мекунанд”.

Қаблан Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон ҷузъиёти боздошти Искандар Саидзода, додраси додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ, бо иттиҳоми порагирӣ дар ҳаҷми 111 ҳазор доллари амрикоиро ифшо карда буд.

Ба иттилои Оҷонсии зидди фасод Саидзода ба ивази пора ба шаҳрвандон “А” ва “Б”, ки Оҷонсии зидди фасод онҳоро дар қаллобӣ муттаҳам кард, ваъдаи пуштибонӣ додааст: “Баҳори соли равон Саидзода барои пуштибонӣ аз судшавандагон "А" ва "Б" аввал 7000 доллари амрикоӣ ва сипас зери таҳдиди таъини ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ 50 000 доллари амрикоиро гирифта, 19 майи соли 2016 бо ҳукми суди ноҳияи Рӯдакӣ нисбати судшавандагон "А" ва "Б" ҷазои ғайриҳабсӣ, яъне ҷарима татбиқ кард”.

Оҷонсии зидди фасод мегӯяд, Саидзода кирдори ҷиноияшро идома дода, дар доираи парвандаи дигар аз шаҳрвандон "А" ва "Б" боз 50 ҳазор доллари амрикоии дигарро талаб кардааст: “17-уми июни соли равон тахминан соати 17 Саидзода пас аз гирифтани 50 ҳазор доллари амрикоӣ дастгир шуд”. Оҷонсии зидди фасод ин қазияро тариқи телевизионҳо низ намоиш дод, аммо Саидзода баъди чанд рӯзи боздошт дубора раҳо гардидааст.
Мӯҳр
Сайхомид
Ин органои мо кор карда хам наметунан. И чихела мешудас ки боздошт менанушу бо ТВ нишонуш метану бо чвобуш метан. Мун хайронум.. Охи бегуно боша чй мекапену шармандаш менен? У маак хам хешу табор дора, овру дора. Ба фикрум хами органо саводу тачрибаву салохият надоран. Сарош менем, кучо мерем?

ШУмо бовар намекунед ин шахс аз ухдаи хамаи кор мебарод, худовандо нигах бонаш бод,

Ин чӣ хел давлату мақомот-а?!
Шуҳрат Қудратов ҳамагӣ барои 500-600 доллари пора то анҷоми тафтишоти судӣ дар ҳабс монд, вале ҷаноби Искандар барои 111 ҳазор доллар то анҷоми тафтишот дар озодӣ мемондааст?!
Яъне ҷиноят ҳар қадар калон бошад ва рост бошад, аз он халос шудан ҳамон қадар осон аст дар Тоҷикистон?

Чоник.Казнок.
Сайхомид,
Сайхомиди чун,мисол ману ту дахмардаем,яьне, чупон.Яке гург умада як гусфанди тура мехура.Сохиби гусфанд миея тура тову мена,ки гусфандма биер.Ту чи кор мени,пеши мун мией.Мун як гусфандут метиюму чунут халос.Бо гусфандои мун барра менан,ие молхои худуманд.Ана хвми судяхову прокурорхо хам ба хамдигаруш чураву шиносу хамшахриян.Бобои и судя хам дар хами систкма коп мекардааст.Вай рафта шиносхову чурахоша ефтааст,онхо чурахову шиносхои худшуна,коре кардан,ки и порагирифтаги буурмад.Сайхомиди чуне садкат бшавуме,о бо география хам инча даркорай да.Бо пушту тага меган,э садкат бшавум то кая бфахмунумут??????

Явани
Итри ки бошаааа крупни крупни гирифтан дркорай ки статяш сбук бдай. Ана нав сири чоя фахмидм ээээээ

Вой блиии. Это уже полный пиз...

Чоник.Казнок.,
Aла чунта мас кна мегум алаи чун гармии чым.

салимбой
э вой аз тоифа ки бо пул адолат мефурушан

ХА ХА ХАААА ана адолату мана инсоф. Холо акнун поратиёни мачбуриро суд мекунанд ва судя чойиваз карда боз дар ягон нохияи дигар кор мекунад. Географияш чи хел бошад. Бози накун бо арбоб, ки мезанат ба хар боб. Як чахон ташакур шугрона мекунем, ки чунин ватани ободу зебо дорем.....

Сайхомид
Чоник.Казнок.,
Алаи чун аку фамидум. Хаму гурго бад гусфанди мна мехуран? Ай суду прокурора хурда наметунан чй? Ай мора ки хуран бо камбагал шудан мегирему уно бой шудан мегиран чй? Бад органо чора ниго менан? Дили и маако ай хамаш мемуна...

Имдод
Падараш як умр прокурор буд,бародараш низ прокурор аст..

Мирзо Саттор
Э чу мегум хами акаи Искандар Саидов хам ай хаму Гарми худмунай..Камаровист...Хай як гарми гунох кард аз гунохаш гузаштанд..да...И гармихо холо дар китоби Сурх чогир шудиян. Хамара кулоби наген да.... Бахудо гармист....

Саттор бовои Мирзо.
Мирзо Саттор,
Не Мирзои чуне,садкат бшавуме..Туйчи Сайдов ай наи Файзобод буд.У наи хич махал прокурори лумби бад набуд,факат 2-юм прокурор буд.Дар райони Куйбышеви мо ни буд,2-юм пракурор буд.Раиси общепиту раиси заготконтораро талхакаф каа буд.И маак падари и Искандар будай,мо ни нав фахмидем.Куйбеши мо гарму гриб буд,акаи Туйчии чун хаму суруди "Файзобода шамолошееее дихтароша хуморошшшш" а месароид...овозаш ай кабинетуш миемадан...мни павур будум.!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)