Шоҳиён камбудии судяҳоро гуфт: Танбалӣ, фасодкорӣ, қабули қарорҳои ғайриқонунӣ...
Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон мегӯяд, дар нимсолаи аввали соли равон 216 қарори додгоҳиро бекор кардаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 17 адад зиёд мебошад.
Шоҳиён имрӯз, 18-уми июл зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе бо зикри ин омор гуфт, ин камбудии хеле ҷиддӣ мебошад: “Яъне чунин маъниро дорад, ки на ҳамаи қарорҳои қабулнамудаи судяҳо қонуниянд”. Раиси Додгоҳи олӣ афзуд, дар фаъолияти мо низ камбудиҳо ҷой доранд ва якеашро дер баррасӣ кардани муроҷиатҳо гуфт. Дар мавриди қарорҳои бекоршуда раиси Суди Олӣ илова намуд, ки то моҳи сентябр сабабҳои бекоршавии қарорҳоро таҳлил намуда, натиҷагирӣ хоҳанд кард.
Ӯ инчунин таъкид кард, ки мубориза бо фасодкориро пурзӯр хоҳанд кард. Дар бораи фасодкории додрасҳо раиси Додгоҳи Олӣ мушаххас кард, ки давоми шаш моҳи гузашта, 1 судя ба 7,5 соли зиндон маҳкум гардида, дигаре барои сӯиистифода аз мансаб ҷаримабандӣ шуд. Дар мавриди Искандар Саидзода, додраси додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ ,ки дар гирифтани 111 ҳазор доллар муттаҳам мешаваду ахиран тариқи телевизион намоиш дода шуд, раиси Додгоҳи Олӣ илова намуд, ки ӯ феълан гумонбар аст.
Ба гуфтаи Шоҳиён тайи нимсолаи аввал 207 шикояти шаҳрвандон аз судяҳо ба қайд гирифта шудаанд: “Дар пайи баррасиҳо фаъолияти 40 судя мавриди муҳокима қарор гирифта, 9 нафар барои амали пастзанандаи шаъну эътибори судяҳо ҷазои интизомӣ гирифтанд”.
Дар маҷмуъ ба иттилои Шоҳиён дар шашмоҳаи гузашта ба додгоҳҳои кишвар 2 ҳазору 639 арзу шикоятҳои шаҳрвандон ворид шудаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 29 адад зиёд мебошад. Ин нақшаҳои Шоҳиён дар ҳолеянд, салоҳияти Суди Олӣ дар пайи барҳам додани Шӯрои адлия бештар шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |