Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят якҷоя бо шабакаҳои барқи вилоят дар доираи омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон 19 адад трансформаторҳоро барои камбор намудани трансформаторҳои сербор васл намуданд.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз хадамоти матбуотии райиси вилоят иттилоъ доданд, инчунин 12 адад трасформатори иловагӣ васл гардида, 1,7 км хатти барқи ҳавоӣ, 28 км хатҳои буришашон хурд ба симҳои буришашон калон иваз гардиданд. Илова бар ин 3,8 км хатҳои кабелӣ таъмир ва барқарор шуданд.Бояд гуфт, ки дар нерӯгоҳи обӣ-барқии «Қайроққум» 51 тонна равғани турбинӣ ворид шуда, агрегати шашуми нерӯгоҳ аз таъмири капиталӣ бароварда шуд.Ҳоло барои шабакаҳои барқии вилоят 195,5 тонна равғани трансформатор дархост шудааст, ки аз он ба шабакаҳои барқии шаҳру ноҳияҳои вилоят 73,5 тоннааш ворид гардидааст.
Мӯҳр