Суғд: 40646 сомонӣ ҷаримаи волидон барои нақзи қонуни масъулияти падару модар
Раёсати умури дохилии Суғд мегӯяд, бо қарори додгоҳ давоми 6 моҳи соли равон 404 волидайн барои нақзи қонуни масъулияти падару модар ҷарима шудаанд.
Шариф Назарзода, сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, маблағи умумии ҷарима 40 ҳазору 646 сомониро ташкил медиҳад. Ба гуфтаи ӯ, ҳамчунин бо қарори суд, 150 волидайн ва шахсони онҳоро ивазкунанда “огоҳонида” шудаанд.
Ҷаноби Назарзода афзуд, дар шаш моҳи ахир теъдоди ноболиғони даст ба ҷиноят зада ба андозаи 27,1 дарсад ва ҷиноятҳои аз ҷониби онҳо содиргардида 19 дарсад нисбат ба ҳамин давраи соли 2015 коҳиш ёфтааст: “Ноболиғон 36 ҷиноятро дар танҳоӣ ва 45 ҷиноятро дар ҳайати гуруҳ содир намудаанд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |