Бахшҳо
16 июл 2016 11:57Тоҷикистон / Тема дня

Узрхоҳии “СомонЭйр”: Ба сабри Шумо ва дарки мушкилии бо ширкат рӯйдода умед дорем

Ширкати ҳавонавардии “СомонЭйр” барои тағйир додани ҷадвали парвозҳо ва эҷоди нороҳатӣ ба мусофиронаш дар ҳафтаи ахир маъзарат хостааст.

Рӯзи гузашта, чанд тан аз мусофирони ширкати “СомонЭйр” шикоят карданд, ки парвози онҳо ба Туркия баъди 9 соати таъхир имконпазир шуд. Тимур Бандишоев, сухангӯи ин ширкати ҳавонавардӣ дар суҳбат ба “Озодагон” далели таъхирро ба мушкили фаннӣ дар ҳавопаймоҳои “СомонЭйр” рабт дод. Ӯ гуфт, ҷадвали ҳафтаинаи парвозҳои ширкат истифодаи 5 ҳавопайморо дар назар дорад: “Мутаасифона ду ҳавопаймои мо бо сабабҳои техникии новобаста аз ширкат муваққатан аз истифода бароварда шуданд. Як ҳавопаймо бар асари ба муҳаррик бархӯрдани парранда ва дигарӣ аз қисми “интерсептор” осеб дидаанд. Аз ин рӯ ҳоло танҳо се ҳавопаймо мавриди истифода қарор доранд”.

Ҷаноби Бандишоев афзуд, бо сабаби кам будани теъдоди ҳавопаймоҳо наметавонанд парвозҳоро бе таъхир анҷом бидиҳанд. “Барои ҳалли мушкил ва мусофиронро аз тағйири ҷадвал огоҳ намудан, кормандони ширкат 24 соат кор мекунанд. Маблағи харҷкардаи шахсоне, ки хоҳиши супоридани чиптаро доранд, баргардонида мешавад. Дар сурати таъхири парвоз мусофиронро бо меҳмонхона ва ғизо таъмин менамоем”,-илова кард ӯ.

Сухангӯи “СомонЭйр” мегӯяд, феълан ҳавопаймоҳои осебдида дар таъмир қарор дошта, интизор меравад, ҳафтаи оянда ба парвоз омода шаванд: “Дар ин сурат ҷадвали парвозҳо муътадил хоҳад шуд. Мо ба сабри Шумо ва дарки мушкилии бо ширкат рӯйдода умед дорем”.
Мӯҳр
Ачибаш ин аст,ки факат хамин ширкати точики зарар мебинад. Чаро кампанияхои хоричи ягонбор ба таъхир намеафтодабошад факат аз мо меафтад??? То бакай узр пурсида мегардед о кора чоноб кардан даркор. Самолётора алиш кардан даркор аст. Инкадар даромаде,ки аз чиптафуруши бадаст меоред кучо мешавад ??то бакай дар болои матори трактор мусофир мекашед ??шарм нкмедоред.
Хама хами кампанияхои точикира шикоят мекунанд.

То чаноби Музафар рохбар нашавад Сомонайр е Точикайр ягон кораш пеш намеравад!

7777
Чоник
лёчики дарачаи 1,
Гапой хавои мезани даа... ширкатои хоричи бойянд и сомон эйр ранги вае не ку, задержка любой время барои мусофир зарар нест. масалан агар сомон эйр парвозхоро бо хавопаймои вайрона давом дихад чи мешавад? дуруст гуфтаси ширкат ман худам 11 руз боз мебинам хавопайморо дар истанбул хоб...

Беном,
сомон эйр як мох пеш 100% буд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)