Тавре қаблан иттилоъ дода будем, ҶСК «НБО»-и Роғун тасмим гирифтааст, ки дар таърихи рӯзи 26-уми май дар Душанбе ҷаласаи умумии саҳҳомонашро баргузор кунад.
Ба ин муносибат имрӯз дар фурудгоҳи байналмилалии пойтахт низ як нишасти вижаи кормандон ва дастгоҳи марказии ин ниҳод баргузор гардид. Бино ба гуфти сухангӯи фурудгоҳи байналмилалӣ Муҳаммадюсуфи Шодӣ, ҳадафи аслии ин ҷаласа ба саҳҳомони фурудгоҳ фаҳмонидани ҳайати комиссияи тафтишотӣ, комиссияи баҳисобгирӣ ва шӯрои нозирон аст. Зимнан, Манучеҳр Сафаров ҳуқуқшиноси корхона оид ба тартиби пур кардани варақаҳои овоздиҳӣ маълумоти муфассал дод. Иштирокдорони ҷаласа ҷонибдории худро бобати идомаи сохтмони НБО Роғун баён намуданд.
Маврид ба ёдоварист, маблағи умумии ба суратҳисоби «НБО-и Роғун» гузаронидаи фурудгоҳи байналмилалии Душанбе зиёда аз 18 миллион сомониро ташкил медиҳад, аз ин: 5,2 миллион сомонӣ маблағи кормандон буда, 13 миллион сомонӣ маблағи фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аст.
Мӯҳр