Сафорати Тоҷикистон: Хабари задухӯрди тоҷикону узбекҳо дар Питер ҳақиқат надорад
Сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, хабарҳо дар мавриди задухӯрди муҳоҷирони тоҷику узбек дар Курдовои Санкт-Петербург беасос аст.
Сарвар Бахтӣ, сухангӯйи ин ниҳод имрӯз, 14 июл дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, он чи ки дар расонаҳои русӣ ҳамчун низои тоҷикону узбакҳо шарҳ дода шуд, дар асл як ҷанҷоли маишӣ миёни табааи Русия ва шаҳрвандони Тоҷикистон буд: “Ҳамватанони мо ва узбекҳо дар як ширкати сохтумонӣ якҷоя кор мекунанд. Занозанӣ миёни намояндаҳои ин ду миллат рух надодааст”.
Қаблан расонаҳои русӣ навиштанд, соати 03:40-и шаби 12 ба 13 июл дар деҳаи Курдовои шаҳри Санкт-Петербург миёни муҳоҷирони тоҷику узбек занозанӣ ба вуқӯъ пайваста, дар натиҷа як муҳоҷир ба беморхона ва чанд тани дигар ба шӯъбаи пулис бурда шудаанд. Аммо Сарвар Бахтӣ, сухангӯи Сафорати Тоҷикистон мегӯяд, посбони хобгоҳи ширкати сохтмонӣ шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки онҷо зиндагӣ мекунанд, дашном додааст. Дар пайи ин ҳодиса миёни посбон ва муҳоҷирони тоҷик низоъ сар мезанад: “Барои муайян кардани ҳодиса чанд муҳоҷири тоҷикро ба шӯъбаи пулиси минтақаи Курдово бурдаанд. Дар ҳоли ҳозир тафтишот рафта истодааст ва эҳтимол дорад ҳамватонони мо озод шаванд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |