Э.Раҳмон ҳамлаҳои Нитсаро амали нерӯҳои аҳриманӣ хонд
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Франсуа Жерар Жорж Олланд, президенти Фаронса дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар шаҳри Нитса барқияи тасаллият ирсол намуд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ, аз ҷумла гуфтааст: “Хабари даҳшатангези ҳамлаи ғаддоронаи террористӣ дар шаҳри Нитсаи Ҷумҳурии Франсия ба гашту гузори идонаи оммавии мардуми осоишта, ки мӯҷиби ҳалокат ва осеб дидани теъдоди зиёди шаҳрвандони кишвару сайёҳон гардид, моро бениҳоят андӯҳгин намуд. Ин ҳодисаи нафратангези ғайриинсонӣ, боз як намунаи аъмоли зишти неруҳои аҳриманист, ки муборизаи беамон бо онҳо вазифаи ҳар як фарди огоҳ аст. Ба ин манзур Тоҷикистон чун пештара омода аст, дар якҷоягӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, минҷумла бо кишвари дӯсти Шумо муборизаи қотеъонаро алайҳи ҳамагуна зуҳуроти терроризм ва ифротгароӣ тақвияти дучанд бахшад. Бо изҳори таъзия ва тасаллият ба тамоми мардуми дӯсти Франсия, аз ҷаноби Президент хоҳишмандам, ки эҳсоси ҳамдардии амиқи моро ба наздикони қурбоншудагон бирасонанд. Ба маҷрӯҳшудагон шифои комилро орзумандем”.
Расонаҳои хабарӣ менависанд, ки шоми 14 июл дар шаҳри Нитса ҳангоми таҷлил аз ҷашни миллии Фаронса дар Рӯзи ишғоли Бастилия як мошини боркаш ба ҷониби одамон босуръат ҳаракат карда, дар ду километр 84 нафарро кушта даҳҳо маҷруҳ барҷой гузоштааст. Маъмурини амният мошинро баъди парондани ронанда нигоҳ доштаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |