Паёми шодбошии Э.Раҳмон ба сарвазири нави Бритониёи Кабир
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 15 июл ба Тереза Мей, сарвазири нави Бритониёи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ барқияи шодбошӣ ирсол кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳур дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон омадааст: “Ҷониби Тоҷикистон густаришу таҳкими равобити ҳасана бо Британия Кабирро самти муҳимми сиёсати хориҷии кишвари худ медонад ва ба ояндаи онҳо аз диди нек назар меафканад”.
Эмомалӣ Раҳмон изҳори умедворӣ кардааст, ки дар давраи фаъолияти Тереза Мей муносиботи дӯстӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди байни кишварҳои Тоҷикистон ва Бритониё “ба марҳилаи ҷадиди тавсеаи худ ворид шуда, мазмуну мундариҷаи фарохтарро касб хоҳанд кард”.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон ба нахуствазири тозатаъини Бритониё сиҳатмандии комилу бахту иқболи тоза ва ба мардуми ин кишвар рифоҳу шукуфоии бештар орзу кардааст. Тереза Мей дар пайи ба истиеъфо рафтани нахуствазири пешини Бритониё, Дэвид Кэмерон ба ин симмат расид. Дэвид Кэмерон, ки ҷонибдори мондани Бритониё дар Иттиҳоди Аврупо буд, пас аз хориҷ шудани он аз ин иттиҳодия аз симмати худ канорагирӣ кард. Истеъфои ӯ аз сӯи малика Елизавета пазируфта шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |