Раҳбари Тоҷикстандарт дар бораи молҳои эронӣ ва “қандаки хитоӣ” (ВИДЕО)
Директори оҷонсии Тоҷикстандарт сару садоҳо дар мавриди манъ шудани маҳсулоти эрониро дар Тоҷикистон бепоя хонд.
Ибодуллоҳи Карим имрӯз, 15 июл дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, танҳо вуруди маҳсулоти ғайристандартиро иҷоза надоданд. Ба гуфтаи ӯ, баъди сару садоҳо ҳатто сафири Эрон дар Душанбе низ ба онҳо муроҷиат намуда, асли қазияро пурсидааст: “Вақте мо маҳсулотҳои ғайристандартиро нишон додем, дар тааҷҷуб ҳам монда, ваъда доданд ба соҳибкороне, ки чунин маҳсулотро вориди Тоҷикистон мекунанд, раводид нахоҳанд дод”.
Оқои Карим афзуд, барои ворид кардани маҳсулоте, ки ба талабот ҷавобгӯ аст, монеае вуҷуд надорад. Директори оҷонсии Тоҷикстандарт бо ёдоварӣ аз як ҳолати ошкор гардидани фурӯши чойи аз Эрон воридшуда гуфт, он хеле сифати паст дошт ва ҳатто “онро чой ҳам гуфта намешавад”. Вай изҳор дошт, танҳо дар шаш моҳи ахир аз 664 тона маҳсулоти ғайристандартии тавлиди Эрон, ки аслан хӯрока ҳастанд, ҷилавгирӣ шудааст: “Талабот ҳаст, ки тамоми истеҳсолкунанда ва воридкунандаҳо бояд борҷомаҳои маҳсулоти худро бо забони давлатӣ ва оммафаҳм тамғагузорӣ намоянд, аммо ин талабот аз тарафи воридкунандаҳои эронӣ бештари вақт риоя намешавад”.
Ибодуллоҳи Карим дар ин нишасти хабарӣ ҳамчунин аз зарари “қандаки хитоӣ” ба саломатии кӯдакон хабар дода, гуфт, бо талоши онҳо дар бозорҳои кишвар ин шириниҳо кам шудаанд: “Тибқи санҷишҳо кафолат медиҳам, ки ин намуди маҳсулот дар бозори истеъмолӣ 100 дарсад ҳам набошад 90 фоиз аз байн рафтааст”.
Ӯ дар кам гаштани ин намуди маҳсулот саҳми ВАО-ро бузург арзёбӣ карда гуфт, “тавассути расонаҳо зарарҳои онро фаҳмонидем ва мардум низ дарк кард, ки ҳамин намуди маҳсулот барои фарзандаш зараровар аст ва аз хариди он оҳиста-оҳиста даст кашида истодаанд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |