Боздошти ду зиндонбон баъди фирори маҳбусон
Додситонии вилояти Суғд дар робита ба фирори 3 маҳбус аз муассисаи ислоҳии №3/3-и шаҳри Хуҷанд 2 масъули ин ниҳодро боздошт карда, нисбат ба онҳо бо моддаи 322-и Кодекси ҷиноӣ - «хунукназарӣ», парванда боз намудааст.
Ҳабибулло Воҳидов, додситони вилояти Суғд, имрўз, 15-уми июл, дар нишасти хабарии шашмоҳааш гуфт, ин афрод ҳоло дар ҳабси пешакӣ қарор доранд. Вале ў аз ифшои номи онҳо худдорӣ кард. Бино ба гуфтаи ҷаноби Воҳидов дар робита ба ин ҳодиса алъон бо 2 модда - 104 («Куштор») ва 322 («Хункназарӣ»), парвандаи ҷиноӣ боз гардидааст. «Тафтиши қазияро Додситонии кулли Тоҷикистон ба ихтиёри худ гирифтааст ва ҷузъиёти бештарро онҳо медонанд»,- афзуд Ҳабибулло Воҳидов.
Фирори 3 маҳбус аз муассисаи ислоҳии №3/3-и Хуҷанд шаби 17-ум ба 18-уми июни соли равон, тахминан соати 20:00 ба вуқўъ пайваст. Дар он ҳодиса яке аз зиндониён Мирзозариф Қайюмов кушта шуда, Ҳабибҷон Юсуфов боздошт гардид ва бо вуҷуди захмӣ шудан Рамзуллохон Додохонов фирор кард. Баъд аз ду рўзи ин ҳодиса мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар бораи кушта шудани Додохонов хабар доданд. Ба иттилои мақомоти дахлдор, Ҳабибҷон Юсуфов дар пайи гирифтани ҷароҳат дар бемористон ҷон додааст. Рамзуллохон Додохонов, сокини 28-солаи Исфара бо иттиҳоми терроризм ба 20 соли зиндон, Ҳабибҷон Юсуфови 36-сола аз Хуҷанд бо ҷурми роҳзанӣ ба 20 соли зиндон ва Мирзозариф Қайюмов аз Хуҷанд, ки ҳангоми фирор кушта шуд, бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохила, «барои содири ҷиноятҳои характери экстремистидошта» ба 14 соли зиндон маҳкум шуда буданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |