Бахшҳо
15 июл 2016 09:59Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Раиси Кумитаи телевизион: Ягон бор нагуфтаам, ки фалон проблемаро нишон надиҳед...

Маҳмадсаид Шоҳиён, раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон, гуфт, ягон бор дастур надодааст, ки фалону мавзӯю мушкилӣ тариқи телевизион пахш нашавад.

Шоҳиён имрӯз, 15-уми июл зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, вақте журналистҳои ҷавон аз минбарҳо масъаларо баррасию пешниҳод мекунанд, худро хушбахттарин раис медонад.

Ӯ афзуд, баъзан матбуот радиою телевизионҳои давлатиро интиқод мекунанд, ки бархе аз мушкилоти ҷомеа ва мавзуъҳои мубрамро пешниҳод намекунанд. Аммо ба гуфтаи Шоҳиён зимни инъикоси проблемаҳо дар матбуоту бархе расонаҳо дида мешавад, ки дақиқияту мушаххасот нест ва маълум нест, ки масъулиятро кӣ ба дӯш мегирад.

Ин дар ҳолест, ки ахиран Иброҳим Усмонов, собиқ мушовири раисиҷумҳури Тоҷикистон дар посух ба суол дар бораи инъикос наёфтани бархе аз мушкилоти ҷомеа дар радиою телевизионҳои давлатӣ гуфт, ки ин вазъият бар муқобили худи ҳукумат аст: “Тамошобини боақли телевизионҳо торафт кам мешавад. Яъне, тарафдорони боҳуши ҳукумат кам мешаванд. Барномаҳоро мебинанд, мешунаванд, мехонанд ва бо зиндагиашон қиёс мекардагӣ мешаванд. Ба расонаҳои ҳукуматӣ дигар эътимод намекунанд. Ин маънои онро хоҳад дошт, ки ҳарфи ҳукумат дар ҷомеа дигар муассир намешавад. Ин бар зарари кор аст. Аз чӣ бошад, ки барои идеологҳои ҳукуматӣ ҳамин раванд писанд аст. Ёдам ҳаст дар солҳои 1993-94 касе тавассути телевизионҳо роҳбарияти давлатро ситоиш кардан намехост. Мо бо азобе мардумро розӣ мекардем, то ҳадди ақал паси парда сухан кунанд. Ҳоло бошад баръакс. Ҳама мехоҳад, ки дар барномаҳои телевизионӣ ширкат дошта бошад. Хабарнигорони расонаҳои ҳукуматии мо имрӯз шароити хуб доранд. Ҳатто сару садое ҳаст, ки онҳо баъди пахши наворе аз гӯшаи деҳқонҳо талаби маблағ, сабзавот ва ё меваҷотро ҳам мекунанд, ки ин мавзӯи дигар аст”.
Мӯҳр
Хабарнигорони расонаҳои ҳукуматии мо имрӯз шароити хуб доранд...Устод эхтиромро наздатон коилем Лек ки гуфт, ки хабарнигорони расонахои хукумати шароити хуб доранд?

журналист
Устоди азиз аз кадом як шароити худ доред харф мезанед?? 15 соли умрамро дар хамин сохаи пурифтихор гузора кардаам. Холо хам бо 3 фарзанд дар манзили падариам ба сар мебарам. Танхо мехри беандоза ба ин касб ва хадафи хидмати шоиста ба Миллати Бузурга азизам манро дар ин чода нигох медорад. Хубии шароит хаминаст ки 800-900 сомони маош дорем !!!!

тамошобин
хамаи хабархоро мо аз шабакахои хоричи ба даст меорем. Телевизиони точик ягон проблкмаи чомеаи точикро умуман намегуяд ва факат ба тарифу тавсияи мансабдорон машгул мебошад. 80 % мардум тв точикро тамошо намекунанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)