Шарҳи садамаи маргбори 4 май: Ронанда бо телефон суҳбат доштааст (САДО+ВИДЕО)
Раёсати умури дохилии Суғд сабаби рух додани садамаи рӯзи 4 майро, ки боиси марги 3 нафар ва ҷароҳат бардоштани 2 кас шуд, "гуфтугӯ бо телефони мобилӣ" арзёбӣ кард.
4 майи соли равон, тахминан соати 16:30 дар сероҳаи кӯчаи Аминҷон Шукуҳӣ ва Исмоили Сомонӣ, воқеъ дар рӯба рӯи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Фирӯз Ҷалолов, ронандаи 35-солаи мошини «БМВ-530» 5 пиёдагардро пахш кард. Ҷалолов баъдан изҳор дошт, ки гӯиё мубталои «эпилепсия» аст ва замони вуқӯи садама он хуруҷ кардааст. Ашӯрбой Содиқов, сардори шӯъбаи тафтишоти Раёсати умури дохилии Суғд рӯзи 14 июл дар нишасти хабарии ин ниҳод дар посух ба суоли хабарнигори «Озодагон» дар ин бора гуфт, «мо дар вақти тафтишоти пешакӣ муайян кардем, ки сабаби асосии ба садамаи нақлиётӣ дучор шудани Ҷалолов ин гуфтугӯ бо телефонӣ мобилӣ мебошад».
Ба гуфтаи ӯ, Фирӯз Ҷалолов ба бемории саръ ё «эпилепсия» гирифтор аст, аммо ин намуди беморӣ ба касалиҳои руҳӣ мансуб намебошад. Манбаъ афзуд, феълан тибқи моддаи 212, қисми 3-и Кодекси ҷиноятӣ павранда боз шуда, тафтишот идома дорад.
Тибқи як навори нашркардаи СМ-1 Фирӯз Ҷалолов дар ҳузури намояндагони мақомот изҳор доштааст, ки аз соли 2007 мубталои бемории эпилепсия мебошад ва ҳангоми рух додани садама беҳуш будаасту чизеро дар ёд надорад: «Вақте ба ҳуш омадам, атрофам одамони зиёд ҷамъ омада буданд».
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |