Буҳрон теъдоди саёҳонро дар Тоҷикистон зиёд кард!?
Кумитаи ҷавонон варзиш ва саёҳии Тоҷикистон мегӯяд, тайи нимсолаи аввали соли равон ба кишвар 163 ҳазору 988 саёҳ омадааст.
Тибқи иттилои ин ниҳод аз ҳисоби саёҳон ба иқтисоди Тоҷикистон 81 миллиону 994 ҳазор доллари амрикоӣ ворид шудаст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 8 миллиону 361 500 доллар бештар мебошад.
Дар маҷмуъ ба иттилои Кумита ба кишвар 209 ҳазору 511 шаҳрванди хориҷӣ ворид шудаст: “Ба ҳайси саёҳ бештар шаҳрвандони Русия, Украина, Озарбойҷон, Арманистон, Белорусия, Қазоқистон ва Қирғизистон ба Тоҷикистон омадаанд”.
Бархе аз коршиносон далели афзоиши саёҳонро дар Тоҷикистон ба басташавии роҳи саёҳони Русия ба Туркия ва буҳрони иқтисодӣ рабт медиҳанд, ки дар пайи он шаҳрвандони ИДМ ба ҷои кишварҳои нисбатан пешрафта сафари камхарҷ ба Тоҷикистонро авлотар медонанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |