Умеди Тоҷикистон ба кумакпулиҳои иловагии Бонки Ҷаҳонӣ

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 14 июл дар мулоқот бо Мариам Шерман, иҷрокунандаи вазифаи директори минтақавии Бонки Ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти ин бонк дар кишвар баҳои баланд дода, оғози татбиқи лоиҳаи минтақавии КАСА-1000-ро, ки дар якҷоягӣ бо Бонки Ҷаҳонӣ амалӣ мегардад, намунаи олии ҳамкории судманди дуҷониба арзёбӣ намудаст. Эмомалӣ Раҳмон изҳори умед кардааст, ки бо кӯмаки Бонки Ҷаҳонӣ дар оянда татбиқи лоиҳаҳои бахши энергетикӣ, сохтмони иқтидорҳои истеҳсолкунанда ва хатҳои интиқоли барқ, рушди нақлиёт ва инфрасохтори роҳ, аз ҷумла роҳи оҳан дар Тоҷикистон тақвият хоҳад ёфт.
Ба иттилои манбаъ, дар мулоқот дарёфт намудани маблағҳои иловагӣ барои Лоиҳаи таҷдиду барқарорсозии нерӯгоҳи Норак, лоиҳаҳои барқарорсозӣ ва соҳилмустаҳкамкунии дарёҳо баррасӣ гардиданд.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳур илова намуд, ки ҷонибҳо доир ба тақвияти талошҳо барои кам кардани таъсири омилҳои берунӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити шиддати буҳрони ҷаҳони иқтисодӣ ва расонидани кӯмак ба Тоҷикистон дар бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ табодули назар карданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |