Эълони роҳбандӣ то ҷашни Истиқлолият барои гузашти низомиён
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе қарор кардааст, ки барои тамрини гузашти идонаи низомиён ҳаракати нақлиёт дар бархе аз кӯчаҳои кишвар маҳдуд шавад.
Тавре аз дафтари матбуоти шаҳрдорӣ ба “Озодагон” иттилоъ доданд, аз 12 июл то 18 августи соли равон дар роҳи автомобилгарди хиёбони Ҳофизи Шерозӣ, аз соати 15: 00 то 18: 00 тамринҳои сафороии хизматчиёни ҳарбӣ гузаронида шавад: “Ҳамчунин аз 19 август то 7 сентябри соли 2016 дар хиёбони Рӯдакӣ (аз буриши кӯчаи Шотемур то буриши кӯчаи Бухоро, майдони «Дӯстӣ») аз соати 19:00 то соати 22:00 ҳамарӯза, ба истиснои рӯзҳои якшанбе барои тамрини низомиён ҳаракати воситаҳои нақлиёт манъ карда мешавад”.
Убайдуллоев масъулинро муваззаф кардааст, ки ба хатсайри воситаҳои нақлиёт тағйироти зарурӣ ворид намуда, амнияту тартиботро таъмин кунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |