Иштирокдорони “маршировка”: Пулу ғизои ройгонро нагирифтаем
Шурўъ аз 11-уми июли соли ҷорӣ омодагии донишҷўёни макотиби олии вилояти Суғд ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон оғоз гардид.
Ба гуфтаи масъулони ин чорабинӣ, тамринҳои донишҷўён ҳамарўза аз соати 07:00-и субҳ то 15:00-и нисфирўзӣ дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд идома меёбад. Ба ин тамринҳо тахминан 12 ҳазор нафар ҷалб шудаанд, ки аксари онҳоро донишҷўёни макотиби олии вилояти Суғд ташкил дода, то остонаи ҷашни Истиқлолият омодагӣ мебинанд.
Бархе аз донишҷўён дар сўҳбат ба хабаргузории «Озодагон» гуфтанд, ки дар сурати иштирок дар ин «маршировка»-ҳо омўзгорон онҳоро дар санҷишу имтиҳонот дастгирӣ менамоянд. Вале чандеи дигар мегўянд, ки онҳоро ҳам аз санҷишу имтиҳонот ва ҳам фосилаҳо озод менамоянд.
Омўзгорони макотиби олии Суғд ба «Озодагон» гуфтанд, он донишҷўёне, ки аз навоҳии дурдаст омадаанд, онҳо бо хобгоҳ таъмин карда шудаанд. Аммо ба гуфтаи донишҷўён, онҳо фақат бо хобгоҳ таъмин шудаву хўроки нисфирўзиву роҳкироро аз ҳисоби худашон пардохт менамоянд.
Ин дар ҳолест, ки Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми Тоҷикистон, рўзи 11-уми июл зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе ба рўзноманигорон гуфт, ҷавонону донишҷўёни мо – пайрави Пешвои Миллат, худашон хоҳишманди иштирок дар ҷашни 25-солагии Истиқлолиятанд ва ин иштирокдорон аз ҳисоби махсуси донишгоҳҳо маблағ мегиранд: «Як вақт бо ғизою нўшокӣ ва инчунин, бо нақлиёту хобгоҳҳои ройгон таъмин мешаванд».
Вазир гуфта буд, ки донишҷўён ба «маршировка»-ю раҳпаймоиҳо ба муносибати 25-умин солгарди Истиқлолият бо фармоиши Вазорат ҷалб шудаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |