Бино ба қавли Гурӯҳ аз ҷумлаи аҳдофи аввалини онҳо, коҳиши шиддати ташаннуҷи авзоъ миёни ҷомеъаи шаҳрвандии Тоҷикистону Русия аст. Онҳо мегӯянд, ба ҳеч ҳизбу созмон ва ташкилоти сиёсӣ ҳамроҳ нестанд ва ҳадафҳои сиёсиро ҳам ба думбол надоранд.
Ёдрас менамоем, Гурӯҳи мусоидат ба вазъи муҳоҷирин шаби 14-уми ноябр дар Душанбе аз ҷониби гурӯҳе рўзноманигорон ва рӯшанфикрон ташкил шуд. Мубтакирони он эълом дошта буданд, ки вазъи баамаломадаро, ки дар натиҷаи боздошт ва ҳукми додгох нисбати ду халабони ширкати «Rolkan Investmens Ltd» сурат гирифтааст, мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор диҳад. Раҳбарии ин гурӯҳро Барзу Абдураззоқов, ҳунарманд ва коргардони шинохтаи тоҷик бар дӯш дорад.То кунун бархе аз шахсиятҳо ва нерӯҳои сиёсии кишвар пуштибонии худро аз таъсиси "Гурӯҳи мусоидат ба вазъи муҳоҷирон" эълон кардаанд.
Аз ҷумла рӯҳонии саршинос Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, академик Муҳаммадҷон Шакурӣ, шоири халқӣ Мӯъмин Қаноат, вакили МН Муҳиддин Кабирӣ, райиси ҷамъияти «Дӯстони Русия» Абдулло Ҳабибов, журналисти шинохта Муҳаммад Эгамзод (Русия), Ҳошим Холзодаи Некварз (Эрон), ҳунарманд Ортиқи Қодир, профессор Иброҳим Усмонов, ҳуқуқшинос Ойниҳол Бобоназарова ва дигарон таъсиси ин гурӯҳро дар ҳоле, ки вазъи муҳоҷирони кории тоҷик дар кишвари Русия нигаронкунанда арзёбӣ мешавад, муҳим хонда ва аз он ҷонибдорӣ карданд.
Гуфтанист, дари Гурӯҳ барои ҳаводорон ва ҷонибдорон боз буда, шаҳрвандон метавонанд ба он бипайванданд.
Мӯҳр
« Апрел 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 |