Бахшҳо

Роман Друкс: Бунёди неругоҳ дар Бартанг ангезаи дарунии ман буд (АКС+ВИДЕО)

Як шаҳрванди Швейтсария бо харҷи 250 ҳазор доллар дар деҳаи Басиди водии Бартанг неругоҳи барқӣ бунёд кардааст.

Роман Друкс, муассиси бунёди “PamirLink” 13 июл дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, ними ин маблағро ҳукумати Швейтсария ва қисмати дигарашро мардуми ин кишвар ба ҳайси хайрия додаанд. Ин шаҳрванди Швейтсария мегӯяд, тарҳи мазкур дар маҷмӯъ шаш сол тӯл кашид: “Марҳилаи ҷамъоварии маблағи зарурӣ панҷ сол идома кард. Як соли дигар барои бунёд ва насби дастгоҳҳо сарф шуд”.

Роман Друкс, ки ахиран ба Душанбе омада буд, дар як суҳбат бо хабарнигорондар мавриди чӣ гуна ба Тоҷикистон омадану идеяи роҳандозии неругоҳи барқӣ гуфт. Ӯ мегӯяд, бори аввал соли 1999 барои фатҳи қуллаи “Сомонӣ” ва ду сол баъдаш дар ҳайати як гуруҳ тадқиқотӣ, ки дурнамои рушди Бадахшонро таҳқиқ мекарданд, ба Тоҷикистон омад: “Дар ҳайати гуруҳ масъули тасвирбардорӣ ва сохтани филмҳои мустанадро доштам. Ҳамин филмсозӣ буд, ки бо вазъияи Бадахшон бисёр хуб ошно шудам ва тасмим гирифтам, ки кори дипломиамро дар мавриди камбуди барқ ва мудирияти захираҳо дар рустоҳои дурдасти Бадахшон нависам. Ду сол пас баргашта, барои чанд моҳ боз ба корҳои таҳқиқотӣ машғул шудам ва бо вазъияти ин минтақа хубтар ошно гардидам. Эҳсос кардам, ки бояд чизеро ба ин мардум бидиҳам. Чизе амалӣ ва воқеъӣ бошад. Баъдан як сол пас омадам ва чанд тарҳро дар мавриди мудирияти захираҳои энержӣ бо созмонҳои дигар шакл додам. Сокинҳои дурдасти Бартанг, ки ба ҳеч кадом сарчашмаҳои барқ дастрасӣ надоранд, захираҳои бештари энержиро назар ба Швейтсария истифода мебаранд. Ин маро ба андеша водошт, ки чаро чунин аст? Ва аз сӯи дигар дидани мардум, ки ҳар рӯз аз 3 то 5 рӯз вақти худро барои захира кардани ҳезум сарф мекарданд ва медидам, ки бархе аз мардум ҳангоми фасли сармо асбоби худро барои гармӣ истифода мебурданд. Ман фикр кардам, ки бояд ягон кор кард. Бо мардуми деҳаи Басид ба ин хулоса расидем, ки бояд як неругоҳи тавлиди барқ дуруст кунем. Онҳо худашон як неругоҳ хариданд, ки инро метавон иқдоми аввалини ҳамин тарҳ гуфт. Ин кор шаш сол пеш сурат гирифта буд. Баъди шаш сол неругоҳро бо муваффақият насб кардем. Трубинаро аз Суис ва системаи идоракунии автоматиро аз Олмон харид карда, онро бо чандин таҷҳизоти дигар ба Бартанг овардем. Ҳамин тавр неругоҳ бунёд шуд. Иқтидори неругоҳ 175 киловат аст ва Басид 100 хоҷагӣ дорад. Ба далели кам будани истифодабаранда зарфияти пурраи неругоҳ истифода бурда намешавад. Мо талош мекунем, ки бо дарёфти маблағ деҳаи дигарро низ ба ин русто васл кунем”.



Чаро таҷҳизот на аз кишварҳои наздик, балки аз Олмон ва Суис (Швейтсария) харида шуд ва манбаи пулии он аз куҷо буд?

Роман Друкс:
Мо пешниҳодҳое аз Чин, Чехия ва Италия доштем. Инҷо масъалаи нарх ва бехатарӣ дар миён буд. Ман ин ҷанбаро ҳар рӯз медидам. Бале, барои мо арзонтар меуфтод агар таҷҳизотро аз Чин мехаридем, вале мо сифати онро намедонистем. Ман намехоҳам чизеро бисозам, ки баъд аз ду ҳафта бишиканад. Мо ҳоло яқ миқдор пул дорем, чаро ки ин лоиҳа ҳанӯз ба охир нарасидааст. Мо мехоҳем деҳаи ҳамсояро низ ба ин неругоҳ пайваст кунем. Дар бунёд гузоштани ин неругоҳ 250 ҳазор доллар сарф шуд, ки 70 ҳазори онро мардум ва қисмати дигарашро ҳукумати Суис дод.

Оё аз ҳукумат ҳам кадом кумак гирифтед? Чаро Шумо ин корро мекунед?

Роман Друкс:
Дар мавриди суоли аввал, мо мешавад гуфт кумаки ғайрирасмии раиси ноҳияи Рӯшонро доштем. Мо бо ӯ мулоқот доштем ва тарҳи худро ба ӯ нишон додем. Ӯ моро бо ширкати “ПамирЭнерҷӣ” шинос кард ва ин ширкат дар сохтани таҳкурсии неругоҳ ба мо кумак карданд. Кумаки дигарро аз MSDSP дар мавриди бунёд кардани қисмате аз канали обгузар дарёфт кардем. Аммо, ҳеч кадом кумаки молиро аз ҳукумат нагирифтем. Мо дар ин масъала мушкилӣ ҳам надоштем. Саволи ин ки чаро ман ба ин кор даст задам, тӯли шаш сол чандин бор аз худам ҳам пурсидам. Моро лозим буд, ки мушкилиҳоро бартараф кунем ва аз иштибоҳҳои худ биомӯзем. Гирифта аз тароҳии трубина, интиқол додани таҷҳизот, ҳуҷҷатгузориҳову муҳрҳо. Баъзан воқеъан корҳои мо пеш нарафтанд ва ҳатто ба Басид омадем ва гуфтем, ки намехоҳем ин корро анҷом диҳем. Мо наметавонем. Аммо, ман фикр мекунам, ки шумо ҷавоби дигарро мунтазиред. Ин як мавзӯъи инсондӯстӣ ҳаст. Бубинед, зиндагӣ дар Бартанг дар қиёс ба Суис хеле имтиёз дорад. Ин тарҳ мумкин аст зиндагии 500 нафарро каме беҳтар кунад. Ман фикр мекунам, ки ин як навъ вазифаи ман аст. Инро метавон қатрае аз баҳр гуфт. Одамҳоеро аз наздик медонам, ки дӯст ва бародари ман шуданд. Ин як ангезаи дарунии ман аст.

Ин неругоҳ бо пули хайрия бунёд шудааст, арзиши неруи барқ чӣ гуна муайян мешавад?

Роман Друкс:
Мо масъалаи нарх ва тарзи мудирияти ин неругоҳро бо мардуми деҳа дар миён гузоштем. Онҳо ба қароре омаданд, ки як кумитарор таъсис бидиҳанд ва ин кумита нархи барқро 15 дирам барои 1 киловат таъйин кард. Аз ин тариқ метавонанд маоши кормандон, маблағ барои таъмир ва дигарро хароҷотҳоро дар оянда бипардозанд. Ин воқеъан як созиш миёни хоҳиш ва тавоноии пардохти ҳамин маблағ буд. Барои ман хеле муҳим буд, ки мардуми камбизоати деҳа тавонанд аз барқ истифода кунанд на аз ҳезум.

Ба фикри Шумо неругоҳ то чӣ ҳад зиндагии сокинони Басидро тағйир медиҳад?

Роман Друкс:
Сатҳи зиндагии рустоҳое, ки барқ доранд аз ҳаёти мардуми Басид хеле фарқ мекунад. Басид ҳам баъд аз панҷ сол шоҳиди ҳамингуна тавсеа хоҳад шуд. Аммо, дақиқан занҳо ва кӯдакҳоее, ки барои ҷамъоварии ҳезум мерафтанд аз ин пас намераванд ва мардум барои пухтани нон аз асбобҳои барқӣ истифода мебаранд. Хонаҳояшонро ҳам қисман дар фасли сармо бо бақр гарм мекунанд ва табиати худро камтар нобуд мекунанд ва дарахтҳоро ҳам дигар нахоҳанд бурид. Мо ин неругоҳро ба ташкилоти маҳалии Басид супоридем. Вале, медонед, фикр кунед, ки шаш сол дар ҳомила будӣ ва он кӯдакро таввалуд мекунӣ. Дақиқан, ман дар оянда ҳам кори неругоҳро пайгирӣ мекунам. Агар ягон хисорот ворид шавад мардум деҳа ба ман гузориш медиҳанд ва мо онро ҳал хоҳем кард. Аммо, ҳол масъулият бар дӯши мардуми Басид аст.


Роман Друкс: Бунёди неругоҳ дар Бартанг ангезаи дарунии ман буд (АКС+ВИДЕО)

Роман Друкс: Бунёди неругоҳ дар Бартанг ангезаи дарунии ман буд (АКС+ВИДЕО)

Роман Друкс: Бунёди неругоҳ дар Бартанг ангезаи дарунии ман буд (АКС+ВИДЕО)

Роман Друкс: Бунёди неругоҳ дар Бартанг ангезаи дарунии ман буд (АКС+ВИДЕО)

Роман Друкс: Бунёди неругоҳ дар Бартанг ангезаи дарунии ман буд (АКС+ВИДЕО)

Роман Друкс: Бунёди неругоҳ дар Бартанг ангезаи дарунии ман буд (АКС+ВИДЕО)

Роман Друкс: Бунёди неругоҳ дар Бартанг ангезаи дарунии ман буд (АКС+ВИДЕО)

Роман Друкс: Бунёди неругоҳ дар Бартанг ангезаи дарунии ман буд (АКС+ВИДЕО)

Роман Друкс: Бунёди неругоҳ дар Бартанг ангезаи дарунии ман буд (АКС+ВИДЕО)

Роман Друкс: Бунёди неругоҳ дар Бартанг ангезаи дарунии ман буд (АКС+ВИДЕО)

Роман Друкс: Бунёди неругоҳ дар Бартанг ангезаи дарунии ман буд (АКС+ВИДЕО)

Роман Друкс: Бунёди неругоҳ дар Бартанг ангезаи дарунии ман буд (АКС+ВИДЕО)

Роман Друкс: Бунёди неругоҳ дар Бартанг ангезаи дарунии ман буд (АКС+ВИДЕО)

Роман Друкс: Бунёди неругоҳ дар Бартанг ангезаи дарунии ман буд (АКС+ВИДЕО)
Мӯҳр
Офарин!!!! Зинда боши!!!!! Ба ин мард меган МАРД - и мусулмон !!!!!

Як чахон ташаккур аз номи мардуми сарбаланди водии Бартанг.

Офарин!Саломат бошед.Худо ба Шумо медихад.

Зиндаву ҷовид монд ҳар кӣ накӯном зист,
Каз паси вай зикри хайр зинда кунад номро.
Гуфтори рафтори ин чавонмардро дида, эҳтироми бародаронае саропоямро фарогир шуд. Агар имайлашро медоштам, ҳатман сипосномае барояш менавиштам. Мегуфтам, ки зиндаву ҷовид бод он модару падар ва миллате ки туро парвардааст. Дилу ботини ӯву миллати ӯ саропо аз муҳаббати илоҳӣ сиришта шудааст. Боварӣ дорам дилу нияти пок ӯро дар ин кор раҳнамун будааст. Агар ғайрату ҳиммати ҷавонмардони мо низ чунин ҷӯш мезад, Тоҷикистони азизи мо пурнуру зиё, комилу солим ва ободтару хушбахттар мегардид.

саломшох
Аз шайхо араб дида баинсофтар будааст...офарин

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)