Маҳкумияти 6 пулиси рус барои роҳандозии интиқоли нашъа аз Тоҷикистон
Додгоҳи вилояти Новосибирск шаш пулисро барои роҳандозии шабакаи интиқоли нашъа аз Тоҷикистон ба муддати тӯлони маҳкум ба зиндон кардааст.
Ба гуфтаи мақомоти тафтишотии Русия тирамоҳи соли 2013 маъмурини мубориза бо мухаддирот - Александр Якушев, Тимофей Соколов, Александр Василев, Василий Маркин, Михаил Кушнир ва Алексей Борников, корманди сарраёсати Шӯъбаи корҳои дохилаи Сибир интиқоли нашъа дар халтаҳои мева аз Тоҷикистон ба қаламрави Русияро роҳандозӣ кардаанд.
Ин гуруҳи ҷиноӣ дар маҷмӯъ бо даҳ ҷиноят аз ҷумла нигоҳдории ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ, омода кардани маводи мамнӯъ барои фурӯш ва сӯистифода аз мансаб маҳкум шудаанд.
Ба ин тартиб се тан аз кормандони пулис ба муддати аз 7 то 14 сол ба зиндони низомаш сахт маҳкум гардида, Александр Якушев барои панҷ сол аз озодӣ маҳрум шудааст. Ба ғайр аз ин дар робита ба қазияи мазкур ду тан аз кормандони собиқи Хадамоти федеролии назорати маводи мухаддир барои чор сол маҳкум ба зиндон шудаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |