Бахшҳо

Давлатов дар бораи мошину хонаи вазирон, маошҳои сиёсӣ ва таҳкими назорати дороиҳо

Ҷумъа Давлатов, раиси Агентии хизмати давлатии назди президенти Тоҷикистон дар шарҳи сарчашмаи хонаю мошинҳои гаронарзиши вазирон гуфт, музди меҳнати мансабдорони сиёсӣ дар кишвар нисбатан зиёд мебошад.

Ҷумъа Давлатов ин нуктаро 12 июл зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе изҳор дошта, таъкид намуд, ки дар баробари ин вазирону мансабдорон манбаъҳои дигари даромад низ доранд.

Давлатов худро мисол овард, ки дар баробари 4 ҳазор сомонӣ маош корҳои дигарро низ анҷом медиҳад ва барои он маблағ мегирад: “Шумо фикр мекунед роҳбари вазорат як сарчашмаи даромад дошта бошад. Аммо фарз кардем ман ба фаъолияти омузгорӣ низ машғулам, лексия мехонам. Ба фаъолиятҳои илмӣ машғулам, китоб ҳам нашр мекунам, маблағҳои зиёд мегирам”.

Ӯ афзуд, ки гарчанде дар Тоҷикистон музди меҳнати шахсони мансабдори сиёсӣ каме баландтар аст, баробари ҳамтоёни хориҷияшон нест.

Давлатов инчунин иттилоъ дод, ки ба қонун дар бораи хизмати давлатӣ ва қонун дар бораи мубориза бо коррупсия тағйирот пешниҳод шудаст, ки бар асоси он назорати даромаду дороии мансабдорон пурзӯр карда мешавад.

Ба гуфтаи ӯ дар доираи лоиҳаи пешниҳодшуда дар баробари эъломиякунии даромадҳо ва молумулки мансабдору аъзои оилааш, инчунин манфиатҳои шахсию уҳдадориҳои молиявии мансабдору наздиконаш эъломия карда мешаванд: “Эъломиякунонии манфиатҳои шахсӣ дар ду ва якчанд ҷо кор кардани хизматчиёни давлатӣ, муносибатҳои хешутабориро дар назар дорад”.

Раиси Агентии хидмати давлатӣ гуфт, ин эъломиякуниҳоро на ҳамаи вазорату идораҳои давлатӣ дастгирӣ карданд: “Лекин корҳо сари ин масъала идома доранд ва то охири сол ба ҳукумат пешниҳод хоҳад шуд”.

Аммо Давлатов дақиқ нагуфт, ки кадом вазоратҳо мухолифи назорати бештари дороию даромад ва манфиатҳои шахсии мансабдорон мебошанд.
Қаблан Раҷаб Одинаев, сардори Раёсати буҷети мақомоти ҳокимият ва идораи давлатии Вазорати молияи Тоҷикистон ба “Озодагон” гуфт, маоши вазирон ва президенти Тоҷикистон махфӣ мебошад. Ба гуфтаи ӯ зимни ислоҳоти музди меҳнат дар соли 2005 хизматчиёни давлатӣ тақсимбандӣ шуданд: “Хизматчиёни давлатии сиёсӣ ва мансабдорҳои маъмурӣ. Маоши хизматчиёни давлатии сиёсӣ-маоши вазирону роҳбари давлатро ифшою чоп кардан мумкин нест. Махфӣ аст. Маоши мансабдорҳои маъмурӣ ошкор аст”.
Мӯҳр
собир
Мансабдорон пули муфт наёбанд, барои мансаб ин кадар талош намекунанд. Одамора гул задан лозим нест. Агар ба як маош каноат мекарданд, олам гулистон мешуд. Дар Точикистон камбагал намемонд

Мухтарам Давлатов! Аввал ин, ки на хамаи мансабдорон дарс медиханду аз ин хисоб бой мешаванд. Дуюм ин, ки ман тули 20 сол дар Донишгох дарс медихаму аммо то Холо сохиби манзили 1 утока нашудам. Китобхои чопкардаатро касе намехарад, зеро талабот нест ва аз ин хисоб ягон фоида намееби. Аммо хонахои мансабдорон аз 200-300 хазор доллар арззиш дошта то ба 1,5-2 млн.мешавад, ки барои чунин маблаг бояд 200-300 сол кор кард. Инро чи хел шарх медихед??????

Муссо
Ба фикрам пурзур кардани назорат аз болои дороихо ва дигар даромадхои шахсони мансабдор окибати хуб ба бор намеорад, чунки албатта дар ин самт ноадолати ба вучуд меояд, яъне масалан: Ки чуръат мекунад, ки дороихои Пешвои миллат, хешу таборони онкас, ё инки дороихои раиси шахр вазири корхои дохили ва ё Прокурори генералиро назорат барад? ба фикрам хеч кас чуръати назорати шахсони мазкурро надорад. ба хамин хотир биёед ба корхое даст занем, ки ичроиши онро хама риоя кунанд (подлетси) чи лозим? худро дар боло ширин кунему пеши дигарон беобру шавем . Ин кори хуб нест. Пушида нест, ки Точикистон давлати рубаинкишоф аст ва дар чунин давлатхо хамеша талаботхои конун бо талаботхои бозор мутобик нестанд ва аз хамин хотир то он даме, ки Точикистон худро аз лихози иктисоди бокувват карданаш дар чомеа табиист, ки корупсия хукмфармост. . Ин холат аз тачрибаи тамоми давлатхои мутаракки гирифта шудааст Барои мисол метавонем корманди политсияро гирем: масалан, сардори дилхох ШВКД маошаш агар 3000 сомони бошад, он хонаи бохашамати ду се ошёнаги ё инки мошини 25000 $ аз кадом хисоб пайдо шудааст Вале дар баъзе холатхо бояд? чашм пушид, чунки хеч вакт акалият зидди аксарият баромад карда наметавонад.

Салом ба мардуми Точикистон ман мухочир хастам ман мехостам гуям аз болои вазирон ва коргарони давлати ки вазифахои баланд доран, рохбарон хамаро бояд бо як чашм нигох кунан хозир хама хешу таборашонро мегиранду мемонанд дар вазифа лекин онхо корро пеш бурда наметонанд барои он ки хешу таборошон дипломхои сохтаро истифода мебаранд мо одамхои хондаги бо диплом мерем моро кабул намекунанд мо мефахмем бисёр хешу таборои рохбарон кор мекунанд лекин саводи пурра надоранд. Аз рохбархо хохиш мекунам вазифаро гирифтен мардумро фахмен хамсухбат шавен мардум бо як рузи умед пеши шумохон мебиянд лекин шумохон намефахмен мо дипломдорхо мерем кор наметиянд аз илочи мардуми бечора ба мухочирати ба Руссия меравем аз хукумат талаб мекунам ки як сохторе созанд, ки аз болои хамин рохбарон ва вазирон дар тахти назорат гиранд дипломдорхоро ба кор гиранд мо дипломро бо маблаги калон гирифтем хукумат ба мо диплом медихад лекин истифода бурда наметонем барои хамин Точикистони мо акиб мондаги хаст.

хуб
...дар баробари ин вазирону мансабдорон манбаъҳои дигари даромад низ доранд,- порахуранд.

бемансаб
Агар маошатон 10 хазор сомонам бошад у кадар дагдагаи ки шумо дорен ихе карда наметонед.

Озод
Мада на китобш даркор на маслихатш " заводи самалиёт сохтай меги "

nabi farhor
Мансабдорони мо вазифаро чунон дуст медоранд,ки то имруз надидаем ё нашунидаем ки фалон мансабдор ихтиёран вазифаро тарк карда бошанд.Ё истеъфо дода бошанд.Вактхое,ки мачлисхо баргузор мегаштааст,дар канори мачлисгох мошинхо ёрии таъчили меистодааст.Мабодо ягон мансабдорро дилаш назанад.Бигзор вазифахояшон ош шавад,аммо бе фасодкори бошад.

камбағал
Маоши вазирон махфи мегуед? И мардак алакай гуфт чанпул маош мегиранд 4000 сомонӣ! Як каме шармам даркорай, дар давлате ки аксари аҳолиашро камбизоатон ташкил медиҳанд ин дабдабаҳои хизматчии ( золимони) давлатӣ матали" болои сухта намакобро" баёд меорад. Фарз кардем як вазир 10000 сомони маош гирад, харочоти хонаводаги надорад магар зану фарзанд, сару либос, хӯрок ва дигар намуди харочотҳо. Вазифаи асосии шумо хизмат кардан аст ҷанобон (ғуломон)

Инсоф
Чиба маоши вазир махфи мешидай, ай хисоби мардуми одди зиндаги мекардай, неки МАХФИИИИИИИИ

Хизматчии маъмури
“Хизматчиёни давлатии сиёсӣ ва мансабдорҳои маъмурӣ. Маоши хизматчиёни давлатии сиёсӣ-маоши вазирону роҳбари давлатро ифшою чоп кардан мумкин нест. Махфӣ аст.

Маоши мансабдорҳои маъмурӣ ошкор аст”.Вой бар холи мо хизматчиёни маъмури хамаи корро мо мекунему онхо танхо имзо мегиранд маоши паст дар мо, хисоботро мо медихем, рохбаро бошад махфиян.Казоваткунед хоанандаи гироми !

Вой бар холи хизматчиёни маъмури рухсати надоранд аз бисёри чизо махруманд!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)