Рӯнамоии филми “12 соли интизорӣ” дар Душанбе (АКС+ВИДЕО)
Шоми дирӯз, 12 июл Филармонияи давлатии Тоҷикистон мизбони нахустнамоиши мелодраммаи “12 соли интизорӣ” буд.
Ин филм сохтаи филмбардорони ҷавони Муассисаи давлатии “Суғдсинамо” буда, аз рӯи сенарияи Бахтиёр Каримов дар коргардонии Муҳиддин Музаффар таҳия шудааст. “12 соли интизорӣ” дар бораи азҳампошии оилаҳо, хиёнат, муҳоҷират ва ҳаёти пурпечутоби зиндагӣ қисса мекунад.
Муҳиддини Музаффар, коргардони филм дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, идеяи офаридани филм замоне пайдо шуд, ки ҷавондухтаре баъд аз намоиши филми “Паймон” ба наздаш омадаву аз зиндагиаш қисса кард. Ӯ нақл карда, ки чӣ гуна дар 17-солагӣ орзуи табиб шудан дошт, аммо ба шавҳар додандаш ва баъд аз 42 рӯзи хонадорӣ ҳамсараш ба Русия рафта, 11 сол зиндонӣ мешавад. Духтар ин муддат ӯро интизор мешавад ва вақте шавҳараш бармегардад, талоқаш медиҳад. Он замон духтар худро дар ин бозии зиндагӣ мағлубшуда меҳисобад: “Ба он зан гуфтам, ки ту дар ин бозӣ қаҳрамонӣ. На ҳар зани тоҷик ин қадар босаброна, боандеша кӯдакашро ба воя расонида метавонад. Он вақт фикре ба сарам омад, ки ҳамин образ метавонад ифодагари симои духтари тоҷик бошад. Ҳоло мардум ин филмро бо ҳаяҷону эҳсос тамошо карданд”.
Нақшҳои асосии филмро Таҳмина Раҷабова, Муҳммадалӣ Маҳмадов, Моҳпайкар Ёрова, Хуршед Мустафоев, Муҳаммадҷон Шодиев ва Насриддин Асадуллоев бозидаанд.
Созандаҳои филм мегӯянд, дар таҳияи он телевизионҳои "Синамо" ва "Танин" ҳам саҳм доранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |