Давлатзода иддаоро, ки бастани ҲНИТ роҳи ифротгароиро мекушояд, беасос хонд
Сулаймон Давлатзода, раиси Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон иддаои бархе аз созмону коршиносҳоро, ки бастани ҳизби расмии исломӣ-ҲНИТ имкони ифротгароҳоро дар кишвар бештар мекунад, беасос хонд.
Давлатзода имрӯз, 12-уми июл зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, дар тамоми дунё фаъолияти ҳизбҳое, ки характери динӣ доранд, сабаби коста шудани ифротгароии ҷавонон нашудааст: “Инро таҷрибаи кишварҳои ҳамсоя нишон медиҳад. Бо он озодие, ки дар баъзе кишварҳо ҳасту ҳизбҳои динӣ фаъолият доранд, ифротгароӣ кам нашудааст. Баръакс як гурӯҳ дар заминаи эътиқоду бадбинӣ нисбат ба гурӯҳи дигар ифротӣ мешаванд. Заминаи экстремизми динӣ таҳлилҳои дақиқро мехоҳад ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, институтҳои тадқиқотӣ ва ниҳодҳои давлатӣ бояд сари ин мавзуъ ҳамкории зич дошта бошанд”.
Ба гуфтаи Давлатзода ифротгароӣ дар заминаи он ба вуҷуд меояд, ки як гурӯҳ мехоҳад фикри нодурусти худро болои дигар гурӯҳ таҳмил намояд ва дар натиҷа ҷавонон ифротӣ мешаванд.
Ин дар ҳолест, ки бархе аз коршиносону созмонҳои байналмилалӣ мегӯянд, бастани Ҳизби наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон барои афзоиши пинҳонкориҳо ва ифротгароӣ дар кишвар мусоидат мекунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |