Тавсифи Давлатов аз зарфияти Озода Раҳмон: Кори якҷояаш бо падар қонунист...
Ҷумъа Давлатов, раиси Агентии хизмати давлатии назди президенти Тоҷикистон фаъолияти якҷояи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо духтараш Озода Раҳмон, ки мақоми раиси дастгоҳи иҷроияи Президентро дорад, қонунӣ хонд.
Давлатов имрӯз, 12-уми июл зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе меъёри қонунгузориро дар бораи манъи хизмати якҷояи хешутаборҳои наздик дар мақомҳои давлатӣ шарҳ дода, афзуд, ки гап сари мақомҳои ба ҳамдигар тобеъ ва ҳисоботдиҳанда меравад. Давлатов афзуд, ки Озода Раҳмон ба ду тараф-Президент ва ҳукумат тобеъ мебошад ва хидмати якҷояаш бо падарро ҷоиз хонд.
Раиси Агентии хизмати давлатӣ афзуд, фарзанди Президент ҳам ҳуқуқи фаъолият дорад: "Аз рӯи ин мантиқ аз Тоҷикистон баромада раванд. Агар дар хориҷ ҳам ба тиҷорат машғул шаванд, он гоҳ ҳам мавриди танқид қарор мегирад". Ӯ аз Озода Раҳмон тавсиф намуд, ки зарфияти хуб дошта дар кораш низ пешравиҳо вуҷуд доранд. Давлатов дар идома зикр кард, ки то ҳол дар матбуот ва дигар ҷойҳо матолиби интиқодиеро дар мавриди Озода Раҳмон дучор наомадааст: “Зарфиятҳои хуб дорад ва мо бояд аз зарфиятҳояшро дар ин мансаб ва дигар мансабҳо истифода барем”.
Дар маҷмуъ Ҷумъа Давлатов таъкид кард, ки агар меъёри манъи хизмати якҷояи хешовандон дар таҷрибаи ҷаҳонӣ риоя мешуд, "сулолаҳо аз куҷо пайдо мешаванд. Барои чӣ дар Америка мешудааст, дар Озарбойҷон мешудааст? Барои чӣ Миша Романов аз соли 1603 то 1918 ҳамроҳи хешутабораш роҳбарӣ кард? Чунин ҳолатҳо дар таҷрибаи ҷаҳонӣ ҳаст".
Аввали соли равон Содиқ Шоҳназаров, ёрдамчии раисиҷумҳури Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ гуфт, таъини Озода Раҳмон ба мақоми раҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент хилофи қонун “Дар бораи мубориза бо коррупсия” нест. Ӯ дар посух ба суоли "Озодагон" гуфт, дар таъини Озода Раҳмон меъёри моддаи 9-и қонун “Дар бораи мубориза бо коррупсия”, ки хизмати якҷоя ё таъини хешовандони наздикро ба вазифаҳои давлатие, ки ба ҳамдигар тобеъ ё ҳисоботдиҳанда мебошанд, манъ кардааст, нақз нашудааст. Ба гуфтаи Шоҳназаров, меъёри қонун риоя шудааст, зеро Озода Раҳмон бевосита тобеи сарвазири ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
27 январи соли равон Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон духтараш -- Озодаи Раҳмонро, ки ноиби аввали вазири умури хориҷӣ буд, раҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент таъин кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |