Пешниҳоди Кумитаи дин ба Президент барои тағйирот дар маъракаҳои азодорӣ
Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон ба Президент пешниҳод кардааст, ки тартиби гузарондани маъракаҳои азодорӣ дар кишвар тағйир дода шавад.
Фаррухулло Олимов, сардори Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ имрӯз, 12-уми июл дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, аз ҷониби кормандони соҳа ва коршиносон пешниҳод гардид, ки минбаъд маъракаҳои азодорӣ танҳо бо хондани дуо гузаронида шавад: “Пешниҳод шуд, ки минбаъд маъракаҳои азодорӣ бо дуову фотеҳа бидуни додани таом гузаранд. Мо ин пешниҳодро дар шакли гузориш ба Дастгоҳи иҷроияи Президент ирсол кардем ва феълан омӯзиш идома дорад”.
Олимов гуфт дар бисёри кишварҳои ҳаммазҳаби мо ва Эрон маросимҳои дафну азодорӣ бе додани таом гузаронида мешаванд.
Ба иттилои Олимов ҳамчунин пешниҳодҳо дар мавриди иваз кардани вақту соати маъракаҳо дар фасли тобистону зимистон мавриди баррасӣ қарор дорад: “Азбаски зимистон зуд торик мешавад пешниҳод шуд, ки оғози маъракаҳо аз соати 18 ба 17 гузаронида шавад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |