Максим Шевченко муддаии курсии Думаи давлатӣ аз Доғистон шуд
Максим Шевченко, журналисти шинохтаи рус номзадии худро ба вакилии Думаи давлатӣ аз ҳавзаи якмандатии Доғистон пешниҳод кардааст.
Ӯ ба "Лента.ру" гуфтааст, номзади худпешбар аст ва барои сабти номаш гирдоварии 18 ҳазор имзо лозим нест.
Максим Шевченко узви Шӯрои президентӣ оид ба ҳуқуқи инсон ва сардабири нашрияи «Сиёсати Қафқоз» мебошад. Вай далели аз Доғистон пешниҳод кардани номзадиашро "кумак дар муқобила бо терроризм" гуфта, изҳор доштааст, инчунин талош мекунад шиорҳои фашистиро нисбат ба мардуми Қафқози шимолӣ дар ҷомеаи русӣ аз байн мебарад.
Максим Шевченкоро дар Тоҷикистон ҳамчун пуштибони муҳоҷирони тоҷик дар Русия мешиносанд. Ӯ борҳо аз шаҳрвандони Тоҷикистон ҳимоят кардааст.
Интихоботи Думаи давлатӣ 18 сентябри соли равон баргузор мешавад. 225 вакил аз рӯи феҳрасти ҳизбӣ ва 225 тани дигар аз ҳавзаҳои якмандатӣ ба парлумон роҳ меёбанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |