Ҳалокати ду нафар дар пайи сарозер шудани “Ҷип-Муссо” дар ағба
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар пайи як садамаи нақлиётӣ дар шимоли кишвар ду нафар ба ҳалокат расидааст.
Бино ба иттилои ин ниҳод, 11 июли соли равон сокини 46-солаи ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ дар ағбаи ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Деваштиҷ аз уҳдаи идораи мошини “Ҷип-Муссо”-аш набаромада, онро ба чуқурии тахминан 90 метр чаппа мекунад: "Дар натиҷа мусофирони автомашинаи мазкур зани 55-сола ва писарбачаи 4-солаи сокинони ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд".
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |