Геологи №1: Касеро ба рухсатии бемузд гусел накардем
Раҳбари Саридораи геологияи Тоҷикистон сару садоҳо дар мавриди ба рухсатии бемузд гусел кардани кормандонашро бепоя хонд.
Мурод Хол имрӯз, 12 июл дар шаҳри Душанбе дар суҳбат бо хабарнигорон ҳамчунин гуфт, ҳеч нафареро аз як басти корӣ ба ним баст нагузарондаанд: “Дар Саридора ин хел ҳарфу масъалаҳо нест. Баръакс ҷойҳои кориро зиёд кардем”.
Ба гуфтаи ӯ, ҳарчанд дар шароити буҳронӣ дар сатҳи соли сирпаригардида қарор доранд, аммо ҳеч кормандро ихтисор накарда ва ҳаҷми кории касеро ним баст нанамудаанд: “Дар нимсолаи аввали соли 2016 теъдоди кормандони воқеии дастгоҳ ва соторҳои зертобеи Саридора 896 нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 43 нафар зиёд мебошад. Музди миёнаи меҳнат дар Саридораи геологияи Тоҷикистон ба 837 сомонӣ баробар аст, ки низ дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2015 38 сомонӣ бештар мебошад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |