Кумитаи дин роҳи гурези мансабдорон аз ҷазо барои нақзи қонуни танзимро ошкор кард
Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон мегӯяд, наметавонад дар бисёри ҳолатҳо барои нақзи қонуни танзим бевосита мансабдорони давлатиро ба ҷавобгарӣ кашад.
Фаррухулло Олимов, сардори Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ имрӯз, 12-уми июл зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, аксаран мансабдорон барои гурез аз ҷавобгарӣ иҷозатномаи тӯйро ба номи нафари дигар мегиранд: “Бинобар ин мо наметавонем бевосита мансабдоронро барои нақзи қонун ҷарима кунем”.
Тибқи иттилои Кумита тайи 6 моҳи гузашта 10 ҳолати нақзи қонун дар бораи танзими ҷашну маросимҳои миллӣ аз ҷониби мансабдорон ошкор шудааст.
Ахиран Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон, дар ҳузури аъзои парлумон, вазирон ва раисони вилоятҳои кишвар аз нақзи қонун дар бораи танзими ҷашну маросимҳо аз сӯи мансабдорони тоҷик суҳбат карда, гуфт: “99 дарсади онҳое, ки қонуни танзимро вайрон мекунанд, мою шумо, ҳамин ҷо нишастаҳоем. Вақте мардум мебинанд, ки мансабдорони воломақом қонунро риоя намекунанд, нафраташон меояд”.
Маҳмадсаид Убайдуллоев дар хитоб ба Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон таъкид карда буд, муборизаро барои ифшои қонуншикании мансабдорон, аз ҷумла риоя накардани қонун дар бораи танзими ҷашну маросимҳоро пурзӯр намояд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |