Раиси идораи геология: Аз нияти “Газпром” барои тарки Сариқамиш хабар надорам
Мурод Хол, сардори Саридораи геологияи Тоҷикистон мегӯяд, ширкати “Газпром” корҳои геологиро дар кони “Сариқамиш”-и Шаҳринав идома дода истодааст.
Ӯ имрӯз, 12-уми июл зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, дар бораи он, ки гӯиё Русия ният дорад, аз ин тарҳ даст кашад, бори аввал мешунавад. Мурод Хол афзуд, ки баръакс “Газпром” аз ҳукумати Тоҷикистон барои кандани як чоҳи дигар дархост кардааст.
Ин дар ҳолест, ки қаблан “Газпром” аз кони нафту гази Саригазону Ренгон ба далели ояндадор набудани онҳо даст кашид.
Масъулини ширкати «Газпром зарубежнефтагаз» ҳаҷми захираҳои газро дар чоҳи Сариқамиш 18 миллиард метри мукааб ва ҳаҷми нафтро 17 миллион тонна арзёбӣ мекунанд. Аммо пештар Алексей Миллер, раиси «Газпром» ҳангоми оғози пармакунӣ дар Сариқамиш - охири соли 2010-ум ҳаҷми газро дар чоҳ 5 маротиба бештар-аз 60 то 80 миллиард метри мукааб арзёбӣ карда, таъкид намуда буд, ки мардуму корхонаҳои Тоҷикистон тӯли 50 сол бо гази худӣ таъмин хоҳанд шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |