Тағйироти кадрӣ дар бонку донишгоҳҳои Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 11-уми июл як қатор тағйироти кадриро амалӣ кардааст.
Тавре аз дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, бо фармони Эмомалӣ Раҳмон Латифов Умед Баротович аз вазифаи муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод карда шуда, муовини вазири молия таъин карда шуд. Ӯ дар ин вазифа Соҳибов Шавкат Қузиевичро иваз намуд.
Тибқи қарорҳои ҳукумат Қурбонзода Абдулло Ҳабибулло аз вазифаи муовини Директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва ба вазифаи муовини якуми Директори ҳамин Агентӣ таъин карда шуд: “Ҳасанзода Ҳомид Усмон бошад, ба вазифаи муовини Директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид”.
Инчунин Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони як қатор донишгоҳу донишкадаҳои кишварро иваз намудааст. Аз ҷумла бо қарори ҳукумат Шоҳиён Нуралӣ Набот аз вазифаи ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон озод ва ба вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии Данғара таъин гардид. Шоҳиён Нуралӣ Набот дар ин вазифа Каримзода Маҳмадқул Боборо иваз намуд.
Амонзода Илҳом Темур бошад, ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон таъин гардид.
Ҳамчунин дар мувофиқа бо Эмомалӣ Раҳмон Олимӣ Рауф Латифзода ба вазифаи Директори Донишкадаи иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, Додоҷонзода Акрам Аҳмадҷон - Директори Филиали Донкишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе ва Каримзода Маҳмадқул Бобо - Директори Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии Донишкадаи пӯлод ва хӯлаи шаҳри Москва дар шаҳри Душанбе (МИСиС) таъин карда шуданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |