Вазир: Аз нагирифтани маоши омӯзгорон огоҳам
Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми Тоҷикистон ҷой доштани мушкили маоши омӯзгоронро тасдиқ кард.
Ӯ имрӯз, зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли “Озодагон” гуфт, аз мушкили маошгирии омӯзгорон огоҳ аст ва барои ҳалли ҳар чӣ зудтари он дастур додааст. Вазири маориф дер пардохт кардани маоши омӯзгоронро ба ҷамъ нашудани андоз рабт дод.
Ӯ афзуд, ки аз ҷумла дар шаҳри Ваҳдат солҳои қаблӣ мушкили маош ҷой надошт, он имсол пайдо шудааст.
Ин дар ҳолест, ки омӯзгорони шаҳри Ваҳдат дар суҳбат бо “Озодагон” изҳор доштанд, ки давоми 2 моҳи охир маош нагирифтаанд ва ин мушкилро ба бунёди варзишгоҳ дар ин шаҳр рабт доданд, ки бояд то 9-уми сентябр анҷом ёбад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |